26 – уми майи соли 2021 дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон доир гардид, ки дар он ҷонишини Раиси Ҳукумати ноҳия С. Тағоймуродзода, намояндагони сохторҳои қудратии ноҳия, ҳамчунин волидон ва наздикони даъватшудагон иштирок карданд.
Ин маъракаи тантанавӣ, ки дар он наваскарони даъвати баҳорӣ ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд, бо риояи ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ сурат гирифт.
Дар охир ба ин муносибат барномаи консертии диданӣ бо иштироки намояндагони бахши фарҳанги ноҳия баргузор шуд, ки хеле хотирмон буд.