Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар як хонаи баландошёна воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт дари баста хонаеро боз карданд, ки духтарчаи ҳафтсола дар дохили он монда буд.
Сигнали даъват ба ёрӣ ба шумори умумии “112” аз як сокини ин бино расид.
Кормандони наҷот бо истифода аз таҷҳизот кӯҳгардӣ аз бом вориди бино шуданд ва дар як муддати басо кутоҳ дарро боз карданд.
Ин духтарча аз танҳоӣ натарсида буд ва ёриву тиббиву равонӣ ниёз надошт.
Ҳамчунин имдодгарони хадамоти вижаи ҷустуҷӯ ва наҷот шабонарӯзи гузашта ҷасади як занеро аз дарёи Варзоб берун оварданд.
Дар бораи намудор шудани ҷасад дар оби дарё корманди КҲФ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти кишвар ба Қисми навбатдорӣ хабар дод. Вай гуфт, ки дар соҳили дарёи Варзоб, дар қаламрави деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ҷасади як зан намудор шудааст.
Ғаввосони Кумита ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади занеро, ки ба тахмин 20-22 сол дошт, аз об берун оварданд.
Сабаби ин ҳодиса маълум нест. Ҳамчунин ҳуввияти ғарқшуда низ маълум нашудааст.
Ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супрда шуд.