Идомаи рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Кӯлоб

Дар қаламрави шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ, наҷотдиҳандагон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони хадамоти гуногуни ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ ширкат доранд.

Бино ба гузориши Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ то 23-уми майи соли равон бо ёрии мошинҳои махсус корҳои тозакунии пиёдагузарҳо ва роҳҳои мошингард, ҷӯйборҳо, 500 метр канал, 49 хонаи истиқоматӣ дар маҳаллаҳои С.Даминзода, Содиқов, Хати Роҳ, Корвонгузар, Нонбои Поён, Суғдиён, ҳамчунин кӯчаҳои Чармгарони Поён, Нурафшон, Чинор, Куҳнашаҳр аз ҳар гуна селовардҳову лойқа ба роҳ монда шуданд.   

Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ аз сироят ба ҳар гуна касалиҳои сироятӣ бо мошинҳои махсуси беҳдоштӣ 450 хонаи истиқоматӣ поккорӣ карда шуд. Корҳои зиддиуфунӣ дар деҳаҳои Тебалай, Девонасой ва Нураксой низ гузаронида шуданд. 

Корҳои рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд. 

барчасп: