Машқи фармондеҳӣ-ситодӣ дар Консойи шаҳри Гулистон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳр дар масъалаҳои  мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади санҷидани сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва ҳайати шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании  ҷамоати шаҳраки Консой ва зерсохторҳои он, ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода (боридани боронҳои пуршиддат ва омадани сел) машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуд.

То оғози машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов дар ҳамкорӣ бо сардори мудофиаи граждании ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон Амир Муҳабатов дар бораи гузаронидани тамрини мазкур шароиту имкониятҳо фароҳам оварданд.

Дар ҷараёни гузаронидани машқ ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияи ҳолатҳои фавқулода, қувваю воситаҳо ва неруҳои ғайриҳарбии ҷамоат ҷалб карда шуданд.

Ин тамрин дар се марҳила дар шафати боғи “Истиқлол”-и маркази шаҳрак, дар ҳудуди кӯчаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Раҳмон Набиеви ҷамоати шаҳраки Консой ба таври амалӣ ҷараён гирифта, корҳои наҷот, расонидани кӯмаки аввалини тиббӣ ҳангоми сар задани офати табиӣ  сел, интиқоли аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бе хавф ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатои фавқулодда ба таври амалӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон бо ин фаъолияти омодагии ҳайати роҳбарикунанда ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании ҷамоат ба таври амалӣ санҷида шуд.

Дар  машқҳо беш аз 300 нафар сокинон ва 40 нақлиёти таъиноташ гуногун ширкат варзиданд.

Ш.Бутаева