Муҳтарам хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби довталабони таҳсил дар Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои солҳои 2021-2022 озмун эълон мекунад. Дар ин озмун ҷавонони аз 17 то 24-сола метавонанд ширкат кунанд.
Омӯзиш дар самти “Амнияти техносферӣ” (ихтисоси омодагӣ ба “Ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулода”) мегузарад.
Қабули номзадҳо аз рӯи натиҷаи санҷишҳо оид ба забони русӣ, физика, математика ва санҷиши омодагии ҷисмонӣ сурат мегирад.
Муҳлати таҳсил 4 сол ва хатмкунандагон соҳиби дараҷаи “Бакалавр” хоҳанд шуд. Таҳсил рӯзона буда, хизматрасониҳо ба донишҷӯён аз тариқи хазина, ки 359 рублу 26 тин дар як шабонарӯз муайян шудааст ва ғизои севақта (озуқаи умумиҳарбӣ)-ро дар бар мегирад, ба роҳ монда мешаванд. Аммо арзиши ҳама хидматрасониҳо собит нест, он метавонад тибқи арзиши хизматрасониҳо вобаста ба бозор тағйир ёбад. Ҳисобу китоби хидматрасониҳо бо асъори Федератсияи Русия (рубл) гузаронида мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд то охири моҳи майи соли 2021 аризаи ширкат дар озмунро ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита супоранд.
Ҳуҷҷатҳо бо суроғаи: 734013, ш.Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, бинои 26, Раёсати кадрҳо қабул карда мешаванд.
Телефон барои иртибот ва маълумот: (+992 37) 227-71-81, Факс: 221-91-19