18 – уми майи соли 2021 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Раёсати коҳиши хатари офатҳои табиии СММ бо иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар самти коҳиши хатари офатҳо семинар баргузор карданд.
Мақсади ин семинар муаррифии равиши муназзам ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, равишҳо ва усулҳои эҷоди тавонмандиҳои миллӣ ва муайян кардани самтҳои такмили идоракунии коҳиши хатари офатҳо буд.
Иштирокчиёни семинар, аз ҷумла аъзои Платформаи Миллии Тоҷикистон, агентиҳои СММ ва дигар ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, истифодаи равиши системаро дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон барарсӣ карданд.
Чорабинӣ дар доираи Ташаббуси Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ «Баланд бардоштани сатҳи устуворӣ ба офатҳо ва тезонидани татбиқи барномаи чорчӯбавии Сендай дар мавриди коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.
Полковник Маҳмадов Тоҷиддин – сардори шуъбаи ҳимояи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт: «Истифодаи имконоти истифодаи усули систематикӣ барои коҳиш додани хатари офатҳо ва ҷалби самараноки ҳамаи иштирокчиён дар системаи идоракунии хавфҳо дар масъалаҳои идоракунӣ, такмил додани механизмҳои ҳамоҳангсозии сохторҳои давлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар коҳиши хатари офатҳо пешбинӣ шудааст».
Ҷузеппе Аристей, менеҷери барномавии Намояндагии ИА дар Тоҷикистон таъкид кард: «Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ омодасозии беҳтар ва банақшагириро тавассути муносибати оқилонаи тасмимгирӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, ба монанди таҳқиқи фосилавӣ дар заминаи коҳиши хатари офатҳо идома хоҳад дод. Мо ба татбиқи мунтазами самарабахши стратегияи миллӣ ва таҳияи василаҳои марбута, ба монанди пойгоҳи додаҳои миллии талафот дар саросари минтақа даъват мекунем".
«Семинари имрӯза бори дигар пойбандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибҳои манфиатдорро ба иштироки фаъолона ба татбиқи Барномаи чорчӯбавии Сендай дар мавриди коҳиши хатари офатҳо нишон дод», - гуфт Абдураҳим Муҳиддин, намояндаи Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ.