Хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони зарардидаи Гулистони ноҳияи Восеъ поккорӣ мешаванд

18-уми моҳи майи соли равон дар ҳудуди деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ гузаронида шуданд.

Аз ҷумла 15 хонаи истиқоматӣ, 25 қитъаи наздиҳавлигӣ ва 350 метр роҳ аз лойю лойоба ва ҳар гуна селовардҳои тоза карда шуданд. Қаламрави 89 хонаи истиқоматӣ бо маҳлули хлордор поккорӣ карда шуд.

Вазъ пурра зери назорат аст. Чуноне пештар ҳам хабар дода будем, бар асари офати табиӣ дар ин минтақа талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда буд. 

барчасп: