Рӯзи 16 – уми майи соли 2021 тахминан соатҳои 16:27 се писари ноболиғ, ки ду нафари онҳо фарзандони як оила буданд, дар рӯди Душанбе ғарқ шуданд. Ду нафар ба ҳалокат расиданд, якеро наҷот доданд ва он ҳам дар ҳоли вазнин дар бемористон аст. Сабаб беназоратии волидон.
Чуноне, ишора рафт, ин ҳодлиса наздикиҳои бегоҳ рух дод. Се писари ноболиғ, сокинони шаҳри Душанбе, ки яке 11-сола, дуюмӣ 8-сола ва сеюмӣ 7-сола буд, ҳангоми оббозӣ дар маҳалли Гулбута, шафати Корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ “Дарё” дар оби хурӯшони рӯди Душанбе ғарқ шуданд.
Шаҳрванд Қурбоналӣ Мирзоев, ки иттифоқан аз ин мавзеъ мегузашт, хеле чолокона худро дар дарё зад ва ду нафари онҳо: бародарон Муҳаммадрасул ва Муҳаммадҷонро аз об берун овард. Мутаасифона, яке аз онҳо аллакай ҳангоми ғарқ шудан ҷон дода буд. Дуюмиро фавран ба маҷтамаи тандурустии “Истиқлол” интиқол доданд ва ҳоло дар шуъбаи эҳёи ин беморхона бистарист.
Дастаи наҷотдиҳандагон, ки ба ҷойи ҳодиса расида буданд, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот соати 19:19 дақиқаи ҳамон рӯз ҷасади навраси сеюмро аз об пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзи сокинони кишвар мерасонад, ки баъди боронҳо ва сардиҳои чанд рӯзи охир, дубора ҳаво гарм шуд ва маъмулан гармо бештар бачаҳоро ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо ва обанбору ҳавзҳои шиноварӣ ҷалб мекунад.
Волидон бояд акнун хеле бештар аз пештар дар назорати фарзандони хурдсоли худ бошанд. Беназоратӣ ҳамеша зояндаи фоҷеа буда, метавонад паёмадҳои нохуш дошта бошад. Мисоли ин рӯйдодест, ки ҳоло хондед. Аз як оила ду нафар ғарқи об шуданд, гарчи яке наҷот ёфт, вале ӯ низ дар ҳоли вазнин аст.
Эҳтиёт кунед, худ ва фарзандони худро ба гирдоби фалокату мусибат наандозед!
О.Фахриддинзода