Ҳалокати боз ду кӯдак дар кишвар. Волидонро ба масъулиятшиносӣ даъват мекунем!!!

Боз хабари марги як кӯдак дар Тоҷикистон, ки сабабгори аслӣ волидонанд. Падару модароне, ки онҳоро беназорат мегузоранд, худро саргарми корҳои дигар мекунанд ва як ҷони ҷавонро аз даст медиҳем. Хонае мотамкада, аммо дигар аз ин доду войю рӯканиву мӯканӣ чӣ суд? Падару модарон! Масъулияшинос бошед, нагузоред, ки ҷигарбандонатон бармаҳал зери хок шаванд!

Чанд рӯз аст, ки пайи ҳам аз марги кӯдакону наврасон хабар медиҳем. Дирӯз, 7-уми май низ ду писари 9-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуданд. Сокинон, онҳое, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса қарор доштанд, якеро наҷот доданд. Вале мутаассифона, мавҷи тӯфонии дарё дар як чашм задан кӯдаки дигарро аз назарҳо ғоиб кард. 

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса расиданд ва корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро оғоз намуданд. Вале ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд. Имрӯз имдодгарон ба фаъолиятҳои ҷустуҷӯии худ идома медиҳад. 

Ҳодисаи нохӯши дигар, ки боз ҳам бар асари бепарвоии волидон рух додааст, дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шуд. Як писарбачаи 11-солаи сокини деҳаи Тилбон тани танҳо барои ғунучини туршӣ ба кӯҳ рафт. 

Ҳангоми ғунучини ин рустании доруворӣ аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз баландии тақрибан 30-40 метр сарнагун шуд ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд сокинони деҳа ҷасади ӯро пайдо карданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волидон ёдовар мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мсъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”-ро иҷро кунанд.

Хеле бомасъулият бошед, нагузоред, ки фарзандони шумо аз беназоратӣ дучори фалокатҳо шаванд.

Дар бораи бехатариву амнияти онҳо пайваста бияндешед!

барчасп: