Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар театр

7 майи соли 2021 года бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии худ хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов рафтанд.

Ин бегоҳ барои биннадагон намоиши “Зани оҳанин” намоиш дода шуд. Ҳунармандон бо маҳорати касбӣ нақшҳоро иҷро мекарданд, ки ин ҳар бинандаро ба ваҷд меовард. 

Кормандони КҲФ баъди намоиш ба ҳунармандон барои чунин як шоми нурониву фароҳам овардани фурсати муносиби тамошои беҳтарин намоиш изҳори сипос намуданд.  Онҳо гуфтанд, ки аз ин ба баъд пайваста  ва бо ҳаму дастаҷамъӣ ба театр хоҳанд омад. 

барчасп: