Омӯзишҳо барои Марказҳои зиддибуҳронии идораҳои наҷоти кишварҳои ИДМ дар низоми онлайн

6 майи соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин ҳамоҳангсозии муштарак дар ҳолати фавқулодда, машқҳои онлайн дар мавзӯи "Пайдоиши заминларзаҳои эҳтимолӣ дар вилояти Сахалини Федератсияи Русия" баргузор гардид.

 Дар ин тамрин намояндагони марказҳои идораи бӯҳронҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Усулҳои мубодилаи иттилоот дар бораи ҳолати фавқулодда, ҳамкории байни идораҳои наҷоти кишварҳо ва имкониятҳои техникии Марказҳои идории ҳолатҳои буҳронии идораҳои наҷот таҳия карда шуданд.

Ин омӯзиши онлайн дар се марҳила сурат гирифт ва имкон дод, ки ҳамкории идораҳои наҷоти кишварҳои ИДМ дар вокуниши сареъ ба ҳолатҳои фавқулодда таҳким ёбад.

Чунин чорабиниҳо ба ҳамаи идораҳои наҷоти кишварҳо имкон медиҳанд, ки дар ҳоли омодабоши ҳамешагӣ ва пухта бошанд, то паёмадҳои ҳаводиси фавқулодда ва таҳдидҳои хатар  ба зудӣ бартараф карда шаванд.

барчасп: