Давраи омӯзишии дигари мудофиаи гражданӣ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин Нақшаи идоравии КҲФ барои соли 2021, бисту чор нафар намояндагони вазоратҳо ва идораҳои кишвар дар курси серӯзаи омӯзишии “Кормандони масъул барои хадамоти мудофиаи граждании шаҳрӣ ва ноҳиявӣ” ширкат варзиданд.

Дар тӯли се рӯз бисту чор намоянда аз 7 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ин давраи омӯзишӣ ҷалб шуданд. 

Дар ҷараёни омӯзиш, иштирокчиён бо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, як қатор қонунҳо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, амнияти радиатсионӣ, расонидани ёрии аввалия дар ҳолатҳои фавқулодда, Стратегияи миллии коҳиши офатҳои табиӣ барои солҳои 2019- 2030, Барномаи рушти КҲФ барои солҳои 2018-2022 шинос шуданд.

Ҳадафи ин давраи омӯзишӣ омодагӣ, таълим ва такмили дониш ва малакаи роҳбарияти вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар мебошад.

барчасп: