Зарари боронҳои шадиди шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода

Дар натиҷаи боронҳои шадид дар қаламрави вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода омадани сел ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, 6-уми майи соли равон бар асари боронҳои пайдарпай аз кӯҳи Хоҷамастон об ҷорӣ шуд ва қисман ба иншоотҳои таъмини об – канали Хоҷа-Қалъаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон зарар расонд. Ғайр аз ин лойобаи азим пулеро дар роҳи мошингарди  Рӯдакӣ – Ёвон-Ҷомӣ-Уялӣ хароб намуд.

Инчунин, боришот боиси болоравии сатҳи оби канале шуд, ки дар қаламрави деҳаи Камари ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мегузарад. Об 14 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро пахш кард. Дар ҷамоати Зиракӣ бар асари боронҳои зиёд иншооти ҳимоявии пуле, ки шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминободро ба ҳам мепайвандад, шуст. 

Барои бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ техникаи махсуси муҳандисӣ ҷалб карда шуда, дар айни замон корҳо ба анҷом расида оқибатҳои офат рафъ карда шудаанд.  

6 – уми майи соли 2021 дар қаламрави деҳаи ба номи Бобониёз Тошеви ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода боронҳои шадид сабаби омадани сел дар маҷрои рӯди Долонсой шуд. Ин сел хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои киштро зерои об кард.

Бино ба маълумоти пешакӣ дар деҳаи Бобониёз Тошев 1 ва 2 лойоба таҳхонаи 14 хонаи истиқоматӣ, ҳамчунин 4 гектар хонаҳои истиқоматӣ ва 0,28 гектар заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии Амонбойро хароб намуд.

Ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳрӣ фаъолият дорад.

Ҳамчунин як ҳайат аз ҳукумати шаҳр бо сарварии муовини Раиси ҳукумати шаҳри Турсунзода ба деҳаҳои зарардида рафтанд ва бо вазъият аз наздик ошно шуданд.

барчасп: