Паёмадҳои офати табиӣ бартараф мешаванд. Шарҳи хабарҳо аз боронҳои пуршиддати дирӯз

5 – уми майи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қисматҳои ҷудогонаи кишвар сел омад, қитъаҳои наздиҳавлигии одамонро зери об кард, сатҳи об дар рӯдхонаҳо боло рафт, дар баъзе аз миинтақаҳо резиши сангу рег ҳам ба қайд гирифта шуд, ки муваққатан роҳҳои мошингардро баст.

Аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи оби рӯди Оби Мазор боло рафт ва дар натиҷа қисман ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд, пул ва садди селгузар дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, Ҷонбахт ва Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалингро қисман хароб кард. 

Ҳамчунин боронҳои пуршиддат сабабгори омадани лою лойоба шуданд ва дар 15 қитъа, заминҳои кишт ва боғу роғи сокинони деҳати Чилдухтарони ҷамоати деҳоти  Н.Назарови ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон қисман зарар расонд. Ғайр аз ин омехтаҳои лои шуррут 20 километр роҳи мошингарди байни деҳаҳо ва 3 адад пул миёни деҳаҳои Кӯлчашма, Ғеш ва Лиҷакро баст.  

Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ техникаи махсус ҷалб карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. 

5 – уми май соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Ғезани ҷамоати деҳоти Моғиёни ноҳияи Панҷекати вилояти Суғд резиши санг ба қайд гирифта шуд. Барои таъмини бехатарии одамон 29 хоҷагӣ иборат аз 112 нафар ба макони амн интиқол дода шуданд. 

Ҳоло дар минтақа Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷекат фаъолият дорад. 

Худи ҳамин рӯз дар километрҳои 438, 443 ва 447 роҳи мошингарди  Душанбе- Ванҷ - Хоруғ дар наздикии Хехики ноҳияи Ванҷи ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд ва он сабабгори муваққатан баста шудани роҳ гардид. Барои бартараф намудани оқибатҳои ин ҳодиса Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон техника ҷудо кард ва ҳоло роҳ пурра поккорӣ шуда, ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шудааст.

Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гиифта нашудааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар ёдовар мешавад, ки ҳавои номусоид ва боронҳои пуршиддат то рӯзи 7-уми май идома мекунанд. Хатари резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи оби дарёҳо бартараф нашудааст. 

Дар ҳамин иртибо КҲФ бори дигар бо эҳтиром аз ҳамватанон даъват мекунад дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд! 

барчасп: