Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Колеҷи давлатии тибби шаҳри Бохтар мувофиқи нақшаи таълимӣ “Омузиши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо пешниҳоди таҷҳизотҳои махсуси наҷот, дар амал нишон додани тарзи истифодабарии таҷҳизоту лавозимотҳои замонавии наҷотдиҳи” гузаронида шуд.
Инчунин дар рафти чорабини мазкур дар мавзуъи “Расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми офатҳои таббӣ, садама, фалокатҳо ва уҳдадориҳои фармондеҳии хадамоти тиббӣ машғулияти намунавӣ бо донишҷуён гузаронида шуд, ки дар ин машғулият намояндаи Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон иштирок намуда, ба донишҷӯён вобаста доир ба мавзӯъ суолу ҷавоб карда шуд.