Дар як дарси омӯзишӣ хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи рақами 52-и шаҳри Душанбе оид ба ҳолатҳои фақулодда маълумот ҳосил карданд.
Кормандони Марказӣ омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимоти ҳамагонии рақами 52 шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои 2-4 дарси омӯзишӣ бо усули бозӣ гузарониданд. Мавзуъи ин дарс “Бехатарии бачаҳо ва наврасон ҳангоми ҳолтаҳои фавқулодда дар мавсими баҳор” ном дошт.
Бо бачаҳо бо забони барояшон фаҳмо дар мавзуъи ҳолатҳои фавқулодда суҳбат гузарониданд. Ба онҳо дар бораи сел, обхезӣ, заминларза, тӯфон, ярч, сӯхтор ва ғайра маълумот доданд.
Ҳамчунин барои онҳо наворҳои видеоӣ, филмҳои тасвирӣ намоиш доданд, озмуни тасвири беҳтарин дар мавзуъи ҳолатҳои фавқулодда гузарониданд.
Дар хотима ба соҳибони расмҳое, ки ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол карда буданд, туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.