Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаҳрванд Бахтиёр Шафиевро аз зери тарма наҷот ва ба маҳалли амн интиқол доданд
Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як шаҳрванд занг зад ва кӯмак хост. Аз суханонаш маълум гардид, ки мошине дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст.
Дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот наҷотдиҳандагони Кумита, ки дар 72-умин километри роҳи Душанбе-Хуҷанд қарор доранд, мошини тамғаи “Ниссан”-ро, ки аз ҷониби шарҳванди 47-сола Бахтиёр Шафиев идора мешуд, аз зери ғарами барф берун кашиданд.
Ин ҳодиса дар километри 71-уми роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд рух додааст.
Наҷотдиҳандагон ба таври фаврӣ аввалин кӯмаки тиббӣ расонданд, ӯро гарм карданд ва ғизои гарм доданд.
Дар айни замон ҷабрдида ҳоли хуб дорад ва ба ҷойи амн интиқол дода шудааст.
Зикр кардан бомаврид аст, ки баландии ғарами барфи тарма 5 метр буда, масоҳати умумии 12 метрро дар бар гирифта буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад аз сафарҳо ба манотиқи тармахез то 18-уми феврал худдорӣ кунанд