Заминларзае, ки шаби 2-уми феврал Душанберо такон дод, қурбонӣ ва харобӣ надошт.
Бар асари боришоти шадид дар қаламрави куҳии Тоҷикистон, дар қисматҳои гуногуни роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Дарвоз дар шабонарӯзи гузашта чанд ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷаи фуруд омадани тарма аз 54 то 71 километраи роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳо мутаваққиф гардид.
Барои тоза кардани роҳи мошингард ширкати Innovative Road Solutions (IRS) 6 адад техникаро аз ду ҷониб сафарбар кард.
Ситодҳои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳо ва манотиқи хатарноки тармахез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд. Зеро хатари лағзиши тарма дар ин роҳҳо ҳамоно зиёд аст.
Тибқи иттилои Институти сейсмологии кишвар соати 23:36 дақиқаи рӯзи 2-уми феврали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирфита шуд.
Маркази ин заминҷунбӣ дар 141 километраи шимолу ғарбии Душанбе, дар қаламрави Ҷумҳурии Узбакистон воқеъ буд. Дар марказ қувваи ларзиши замин 4-5 балро ташкил дод ва дар Душанбе он 2 балл буд.
Заминларза қурбонӣ ва харобӣ надошт.