Шоҳзода Карим Оғохони IV бо ирсоли нома аз ҳамкориҳои Хазинаи Оғохон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда изҳори миннатдорӣ намуд ва хостори густариши бештари ин ҳамкориҳо дар оянда шуд.
2 – уми феврали соли 2017 бо ташаббуси Хазинаи Оғохон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода Намояндаи доимии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнаниро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси Кумита меҳмони олиқадрро дар ҷараёни чораҳо ва тадбирҳое гузошт, ки Тоҷикистон дар самти идораи ҳолатҳои фавқулодда меандешад ва ҳамзамон дар бораи фаъолиятҳои КҲФ, дар бораи корҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он, оид ба фаъолияти воҳидҳои ҷудогонаи КҲФ нақл кард.
Дар навбати худ ҷаноби Песнанӣ рушди бемайлони муносибат миёни Хазинаи Оғохон ва КҲФ дар вақтҳои охирро зикр намуд ва хостори боз ҳам боло бурдани сатҳи ин ҳамкориҳо дар идораи ҳолатҳои фавқулодда шуд.
Намояндаи доимии Хазинаи Оғохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Песнанӣ ба Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда номаи миннатдории Шоҳзода Карим Оғохони IV –ро расонд. Дар ин нома Шоҳзода Карим Оғохон хостори густариши минбаъдаи ҳамкориҳо шудааст.
Дар мулоқот як қатор масъалаҳои дигари барои ду ҷониб манфиатовар баррасӣ шуд.