Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 28-ум то 30-уми январи соли равон дар қаламрави мамлакат бориш дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои куҳӣ барфи тар меборад, шамол бо суръати 15-20 м/с хоҳад вазид. Дар ағбаҳои туман мефарояд.
Вобаста ба ҳавои тағйирёбанда дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, қаторкуҳҳои Ҳисор ва роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд хавфи фаромадани тарма ва яхбандиҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунем то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои ҳассос ва хатарнок дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд, ба ҷамъоварии ҳезум дар куҳҳо ва шикор низ нараванд.
КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо касоне, ки мехоҳанд ба сафар бароянд, мошинҳои худро бо таҷҳизоти зарурии мутобиқ ба шароитҳои бориши барф ва тарма таъмин созанд, ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо басо зарур аст, ки фосилаи ҳаракати мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд. Ва ин фосила на камтар аз 500 метр бошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо аз хатари эҳтимолии шикастани дарахтон бар асари барфи тар, канда шудани хатҳои интиқоли барқ эҳтиёт намоянд.
Бо мақсади роҳ надодан ба ҳалокати одамон ва таъмини бехатарии онҳо, коҳиши зарарҳои моддӣ КҲФ бо ирсоли телефонограмма хадамоти дахлдор, Ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳоро огоҳ кардааст.