Дар бархӯрди ду мошини сабукрав ду нафар мусофирони онҳо ҷони худро аз даст доданд ва ду тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.
Бар асари бориши барфи зиёд дар роҳҳо ронандагон наметавонанд мошинҳои худро тавре боястӣ идора кунанд ва ин боиси садамаҳои хатарзо дар роҳҳо мешаванд, ки ҳатто таҳдид ба ҷони одамон мекунад.
Субҳи бармаҳали 26-уми январи соли равон дар қаламрави деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мошини тамғаи «Mercedes-Benz» ба мошини «Opel Astra Caravan» бархӯрд.
Кормандони наҷоти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муҷарради шунидани ин хабар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва вазъро аз назди арзёбӣ карданд.
Ба ронандагон дастур доданд, ки аккумляторҳои мошинҳоро ба хотири пешигирӣ аз оташ гирифтани сӯзишворӣ хомӯш кунанд. Мошинҳо хеле ҷиддӣ садама дида буданд. Чор нафар дар ду мошин (як нафар дар “Мерседес” ва се нафари дигар дар “Опел”) ҷабр дида буданд.
Бо истифода аз дастгоҳи гидравликӣ кормандони наҷот одамони ҷабрдидаро аз асорати металҳо озод карданд ва ҷабрдидагонро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда буд, супурданд.
Ду нафар аз ҷабрдидагон дар роҳи интиқол ба бемористон ҷони худро аз даст доданд.
Муҳтарам ронандагон!
Дар ин рӯзҳои сарду барфрез, ки роҳҳои ях бастаанд ва барф ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст, хеле эҳтиёткор бошед ва кӯшед суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаред.
Ҳаёти худ ва одамони атрофатонро ба хатар наандозед.
Шумораи телефони хадамоти наҷот ин аст: «111».