Тамошои театр ва ҳузури дастаҷамъӣ дар намоишҳои ҳунариву фарҳангӣ яке аз барномаҳоест, ки ба рушди шахсият ва васеъ шудани ҷаҳонбинии сарбозону афсарон мусоидат мекунад.
Бо назардошти ин дар барномаҳои тарбиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рафтани дастаҷамъӣ ба тамошои намоишномаҳо дар театрҳои кишвар ва ширкат дар ин ё он барномаҳои фарҳангӣ мавқеъи муҳим дорад.
25-уми январи соли равон хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита ба театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рафтанд.
Барои онҳо ҳунармандони театри номбурда намоишномаи Тӯрахон Аҳмадхонов “Қиссаҳои ғамгину рангин”-ро намоиш доданд.