Дар шаҳри Олмотии Қазоқистон конфронси минтақавии машваратӣ оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии коҳиши хатари офатҳо, ки Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар якҷо бо Маркази ҳолатҳои фавқулодда ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Олмотӣ ташкил карда буд, баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин намояндагони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари миллӣ, ташкилоти давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳимояи шаҳрвандӣ, раёсати амалҳо ҳангоми офатҳо, ҳолатҳои фавқулодда, умури хориҷӣ, хадамоти гумрук, саҳад, ҳамчунин намояндагони СММ, сомонҳои ғайридавлатӣ, ташкилотҳои маблағгузор ва минтақавӣ иштирок карданд.
Ширкаткунандагон масъалаҳои такмили фазои ҳуқуқӣ дар самти идораи амалҳо ҳангоми офатҳо ва вокуниш, ҳамчунин тавсеъаи идораи мубориза бо офатҳо ва коҳиши хатари офатҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Конфронс дар доираи лоиҳаи олмонии Салиби Сурх «ДИПЕКО IX: Ба ҳам овардан ва таҳкими фаъолиятҳо оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Директорати кулли Комиссияи Аврупоӣ оид ба кӯмакҳои башарӣ ва ҳимояи шаҳрвандӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии Ҷамъмяти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Австрия ва панҷ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мекунанд, доир гардид.