Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъи аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки мувофиқи маълумотҳои пешгўии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои аз 22 то 25 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то – 8 – 12 дар назар дошта шуда, дар минтақаҳои алоҳидаи баландкўҳо хусусан дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шабона ҳарорати ҳаво то – 30 – 35 паст мефарояд. Дар ағбаҳои кўҳӣ туман, яхбандӣ пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои кўҳӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Бинобар он, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамоварии ҳезум, шикор ва сафар кардан тавассути минтақаҳои куҳию осебпазир худдорӣ намуда, ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои кўҳӣ ва ағбаҳо маҳдуд карда шавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар шароитҳои барфу яхбандӣ ва туманнокӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шуда, ронандаҳо қоидаҳои бехатариро дар роҳҳо ҳатман риоя намоянд. Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар кучаҳо аз эҳтимолияти шикастани дарахтон, кандашавии хатҳои интиқоли барқ ва афтодани яхпораҳо аз биноҳои баландошёна бо эҳтиёт бошанд.
Ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ва рух додани ҳодисаҳои нохуш Шумо метавонед ба телефонҳои навбатдорони фаврӣ муроҷиат намоед:
Навбатдорони Кумита- 111, 221-91-19, 223-13-11»
Навбатдорони Ситоди шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76
Навбатдорони Ситоди ВМКБ – код 3522 тел: 24057, 22744
Навбатдорони Ситоди вилояти Суғд- код 3422 тел: 51555, 57995
Навбатдорони Ситоди вилояти Хатлон – код 3222 тел: 23505, 27827
Навбатдорони Ситоди минтақаи Кулоб – код 3322 тел: 21656, 21657
Навбатдорони Ситоди минтақаи Рашт – код 3131 тел: 22374
Навбатдорони Ситоди минтақаи Ҳисор- код 3139 тел: 26074