Ширкаткунандагони мулоқоти Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи се тарҳи бунёдӣ пешниҳод карданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи омодагии воҳидҳои наҷот ба нақша бунёди майдони омӯзишӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар базаи Маркази омӯзиши КҲФ дохил карда шавад.
Дар дафтари намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мулоқоти Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи се лоиҳаи имзошуда миёни КҲФ ва Ҳукумати Ҷопон, Фонди трастии Русия ва Агентии швейсарӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳо баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ширкат намуд.
Дар ҷаласа Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Пратиҳа Меҳта, сафирони Ҷопон ва Русия дар Тоҷикистон, директори Бюрои швейсарии ҳамкориҳо дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда зикр кард, ки “Ҳадафи асосии мулоқоти имрӯза ба таври куллӣ баланд бардоштани самаранокии кор ва вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулодда аз роҳҳои амалкардҳои муштарак аст. Барои расидан ба ин зарур аст системаи огоҳкунии бармаҳалро аз Сарез то ноҳияи Шаҳритус навсозӣ кард, омодагии касбии наҷотдиҳандагонро аз роҳҳои омӯзиш такмил дод ва базаи техникии наҷотдиҳандагонро беҳбуд бахшид”.
Сарвари Кумита афзуд: “Барои татбиқи вазифаҳои дар миён гузошташуда то охири семоҳаи аввали соли 2017 ворид намудани тағйирот дар сохтори КҲФ бо назардошти зиёд кардани шумораи кормандони Ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, сохтани гуруҳҳои иловагии наҷотдиҳандагон дар водиҳои Ҳисор ва Зарафшон ва шаҳри Роғун, бунёди хадамоти кинологӣ, ташкили гуруҳҳои ғаввосон, ҳамчунин таҳкими гуруҳи наҷот дар минтақаи Рашт ба нақша гирифта шудааст”.
Дар ҷаласа ҳамчунин қайд шуд, ки зарфияти хадамоти наҷоти куҳии Кумита дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Норак боло бурда шавад.
Барои баланд бардоштани сатҳи омодагии воҳидҳои наҷот пешниҳод шуд, ки ба нақша бунёди майдони омӯзишӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар базаи Маркази омӯзиши КҲФ дохил карда шавад. Барои ҳамоҳангсозии амалҳо ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои дар миёнгузошташуда Раиси КҲФ пешниҳод кард, ки гуруҳи корӣ бо сарварии ҷонишини Раиси Кумита ташкил карда шавад ва то якуми марти соли 2017 нақшаи кории тарҳҳои баррасишаванда пешниҳод гардад.
Пешниҳоди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби ширкаткунандагон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.