Дар 164-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар нақби Шаҳристон садамаи сахт рух дод. Яку якбора се мошини боркаш ба ҳам бархӯрданд. Ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат доштанд ва мошини тамғаи “Дулан” аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд.
Дар натиҷаи ин садама ҳаракати мошинҳо дар нақби Шаҳристон аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа қатъ шуд. Ронандагон дар дохили мошинҳои худ дармонданд ва имкони аз он баромадан надоштанд.
Кормандони наҷоти неруҳои вокуниши сареъи Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мустақаранд, ба ҷабрдидагон аввалин кумаки тиббӣ расонданд. Баъдан се нафари онҳоро аз дохили мошинҳо берун оварданд ва ба бемористони ноҳияи Шаҳристон интиқо доданд.
Дар айни замон бо талоши наҷотдиҳандагони КҲФ, хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ва кормандони милитсия ҳаракат дар ин роҳи сермошин аз сар гирифта шуд.
Корҳо барои берун овардани ду мошини боркаши дигар идома доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на як бору ду бор аст, ки ба ронандагони мошинҳо муроҷиат мекунад: “Ронандагони муҳтарам, хеле эҳтиёткор ва бодиққат бошед: фаромӯш накунед, ки саломатӣ ва ҳаёти инсонҳо аз шумо вобаста аст!”