Даричаи ошноӣ: Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд

Ҳар як соҳа саҳифаҳои таърихии худро дорад. Саҳифаҳои аввалини Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд аз таъсиси муҷаддади Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Ленинобод ба Ситоди мудофиаи граждании вилояти Ленинобод ва Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Ленинобод бо Фармоиши Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1971 алоқаманд аст. Ва аввалин Ситоди вилояти Ленинободро подполковник Лизунов Г.И. роҳбари мекард.
Таърихи нави Ситод аз 17 августи соли 1994, ки дар заминаи Ситоди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, оғоз мешавад.
Аз рўзҳои аввали ташкилёбии Кумита Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд вазифаҳои дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо дар вилояти Суғд, ба уҳда дорад.
Роҳбарони гуногуни пуртаҷриба ва болаёкат Ситоди вилоятро дар вақту замони гуногун роҳбарӣ намудаанд.

Инҳо:

-полковник Пивнов Александр Михайлович - аз соли 1994 то 1995 Сардори  Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд;
-генерал-майор Кенчаев Алберт Касимович - аз соли 1995 то 1996 Сардори  Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд;
-генерал-майор Мамаҷонов Муминҷон Мамадҷонович -  аз соли 1996 то 2000 Сардори Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд;
-полковник Cироҷиддинов  Наҷмиддин - аз 2001 то 2003

Сардори Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд;

-полковник Ноибов Махммадалӣ Якимович - аз 2000 Муовини Сардори Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд  ва аз 2003 то 2006 Сардори  Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд;
-полковник Додов Баҳром Одинаевич - аз апрели соли 2006 то соли 2010 Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд;
-подполковник Исмоилов Исмоил Мўминҷонович - аз октябри соли 2010 то соли 2012 Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд;
-полковник Додов Баҳром Одинаевич - аз октябри соли 2012 то инҷониб роҳбарии Ситоди вилоятро ба ўҳда дорад.

Иштироки Ситоди вилоят дар бартарафкунии садамаҳо ва ҳодисаҳои фавқулоддаи калонҳаҷм:

- моҳи декабри соли 1997 дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб (Дубай) тайёраи Хуҷанд – Шарҷа ба садама дучор шуда, ҳамаи мусофирон ва сарнишинони он ҳалок гардиданд. Ҷасади
ҳалокшудагон ба шаҳри Хуҷанд оварда шуданд. Ситоди вилоят дар фаровардан ва супоридани онҳо ба наздикони ҳалокшудагон иштирок намуд;
- моҳи январи соли 1998 қатораи Андиҷон-Тошканд дар назди истгоҳи роҳи оҳани Қарачиқуми ноҳияи Конибодом бо тепловоз бархўрда, якчанд мусофирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ҳалок расиданд. Ситоди вилоят фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда барои бартараф намудани садама ва баровардани ҳалокшудагон корҳои ҷустуҷўиро ба анҷом расонид;
- моҳи ноябри соли 1998 ҳайати шахсии Ситод дар безараргардонии моддаҳои тарканда дар мавзеъҳои аҳолинишин баъд аз ҳамлаи ногаҳонии дастаҳои полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев ба шаҳри Хуҷанд иштирок намуд;
- моҳи августи соли 1999 дар бартарафсозии оқибатҳои  сел дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт, ки дар натиҷа 21 нафар шаҳрвандон ҳалок гаштаанд, иштирок намуд;
- солҳои 2002-2003 дар кўчонидани аҳолии деҳаи Вашан ва Ревати ноҳияи Айнӣи аз минтақаҳои хавфнок ба минтақаи бехавф, Дашти кони ноҳияи Ғончӣ, Дашти қозии ноҳияи Панҷакент ширкат кард;
- соли 2005 дар кўчонидани қисми аҳолии аз ҳодисаи фавқулодда зарардидаи ҷамоати Шинги ноҳияи Панҷакент ба маҳалли навбунёди Саразми ноҳия даст ба кор шуд;
- моҳи июли соли 2008 дар бартарафсозии оқибатҳои сел дар ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт, ки дар натиҷа 12 нафар шаҳрвандон ҳалок гаштаанд, иштирок кард;
- моҳи майи соли 2013 дар омодаги барои бартараф намудани садамаи тайёраи Москва-Хуҷанд дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ширкат намуд.

Тӯли 20 сол Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ва сохторҳои таркибии он баҳри бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ ва садамаҳое, ки дар миқёси вилоят рух додаанд, дар муайян намудани ҳаҷм ва маблағи зарар, инчунин пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии офати табиӣ ба Кумита ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намудаанд.
Дар ин муддат бо дастгриии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, таҷҳизонидани дастаи наҷот ва муҳайё намудани шароити корӣ ба ҳайти шахсӣ чунин корҳо ба анҷом расонида шудааст:
- соли 1996 Ситоди вилоят аз бинои кўҳнаи фарсуда ба бинои дуошёнаи хозиразамон кўчонида шуд;
- дар заминаи Ситод соли 1997 Дастаи махсусгардонидаи зудамали наҷот таъсис дода шуд;
- таъмири пурраи бинои маъмурии Ситод соли 2008 гузаронида шуда, утоқҳои калони кори шўъбаҳо ба ҳуҷраҳои алоҳидаи хурд навсозӣ ва бо мебелу воситаҳои навини ҳозиразамони техникӣ таҷҳизононида шуданд;

- Курсҳои ҲФ ва МГ вилоят аз таъмири пурра бароварда шуда, бо воситахои хозиразамони техникӣ мучаххазонида шуданд,
- таъминот бо нақлиётҳои хозиразамон хуб ба роҳ монда шудааст, ки барои Ситод техникаҳои махсуси муҳандисӣ то ба қаиқи дарёнавардӣ харидорӣ карда шудаанд,
- дастаи махсусгардонидаи зудамали наҷоти Ситод бо ҳуҷраҳои кории ҳозиразамон, таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ, қаиқҳои тезгард таъмин гардидаанд.
- баарои гузаронидани корҳои бартарафсозӣ ба Ситод техникаҳои муҳандисӣ ворид карда шуданд,
- дар дохили Ситод барои афсарон ва хизматчиён ошхона бо тамоми шароитҳои замонавӣ ташкил карда шудааст,
- нуқтаи идоракунии Ситод аз таъмири пурра бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин гардидааст.

Дар Ситод рӯзи қасами ҳарбӣ, Иди модарон, Наврӯз, Рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, поси хотири фавтидагон дастаҷамъона таҷлил мешаванд.
Дар давоми ин солҳо ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва дар якҷоягӣ бо онҳо амалӣ намудани барномаҳои гуногун оиди омўзиши аҳолӣ, гузаронидани корҳо аз рўи лоиҳаҳои  митигасионӣ ва расонидани кўмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Зикр кардан зарур аст, ки дар давоми соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор афсарони Ситоди вилоят дар машқҳои байналмиллалӣ ва омӯзишҳои кўтоҳмуддат дар давлатҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Таи чанд соли охир шумораи офатҳои табии, аз қабили заминҷунбӣ, сел, обхезӣ, лағжиши замин ва ғайра зиёд гардидаанд.
Дар ин давра ҳодисаҳои фавқулоддаи гуногун рух медоданд ва ҳайати шахсии Ситод барои бартараф намудани ин ҳодисаҳо ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида ва ҷабрдида фаъолият менамуд.
Ҳамасола дар қаламрави вилоят ғарқшавии одамон мушоҳида карда мешавад, ки наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят фавран дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ғарқшавандагонро наҷот медиҳанд ва ёрии аввалин мерасонанд, инчунин ҳангоми ғарқшавии одамон корҳои ҷустуҷўӣ мегузаронанд, ки ҷиҳати иҷрои ин корҳо ҳамаи лавозимот барои ғаввосон харидорӣ шудаанд.