Заминларза аз даҳшатноктарин ҳодисаҳои фавқулоддаест, ки ҳамеша таҳдид ба хатар дорад. Ба гуфтаи олимон аслан Замин ҳаргиз ором нест ва ҳамеша меҷунбад, такон мехӯрад, вале на ҳамеша он эҳсос мешавад.
Аммо таърихи башар заминларзаҳоеро медонад, ки хеле даҳшатнок буданд. Ҳисоби дақиқи куштагони заминларзаҳо вуҷуд надорад, чун дар ягон даҳсола касе онро оморгирӣ накардааст. Вале дар мавридҳои ҷудогона аз хисорати воридаву талафоти ҷонӣ метавон ҳарф зад.
Дар ин матлаб мо аз заминларзаҳои шадиди Тоҷикистон нагуфтем, чун аз онҳо дар алоҳидагӣ ва муфассалтару густардатар ёд хоҳем кард Он чӣ дар пай меояд, номгӯи боз ҳам хеле нокомили заминларзаҳои олм, ки ҷонҳои одамонро рабудаанд, миллионҳо танро бехонаву дар кардаанд, ҳазорҳо шаҳру рустоҳоро хароб кардаанд.
Ва ин ҳоло рӯйхати хеле нокомил аст, ки тадриҷан бо талоши ҳамагон комил хоҳад шуд.
1 – уми сентябри соли 1923 заминҷунбии то 8,3 балл дар Ҷопон ҳаддиақал 140 ҳазор нафарро кушт.
31 – уми майи соли 1935 бар асари такони замин дар Ҳинд 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
24 – уми январи соли 1939 заминларзаи то 8,3 балл дар Чилӣ наздик ба 28 ҳазор нафарро кушт.
26 – уми декабри соли 1939 заминларза бо 7,9 балл наздик ба 33 ҳазор сокинони Туркияро ба марг расонд.
4 – уми феврали соли 1976 заминларзаи то 7,5 балл дар Гватемала 22,7 ҳазор нафарро ҳалок кард.
28 – уми июли соли 1976 шадидтарин заминҷунбӣ дар Чин ба ҳалокати 240 ҳазор нафар сабаб гардид. Қувваи ин заминларза аз 7,8 то 8,2 балл эълон шуд.
16 – уми сентябри соли 1978 замин дар қисмати шимолу шарқии Эрон такон хӯрд ва дар он наздик ба 25 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
19 сентябри соли 1988 дар Мексикаи Марказӣ ба асари заминларзаи то 8,1 балл бештар аз 9,5 ҳазор нафар қурбон шуданд.
7 – уми декабри соли 1988 дар қисмати шимолу ғарбии Арманистон такони сахти замин ҷони 25 ҳазор нафарро рабуд
21- уми июни соли 1990 заминларзаи шадид дар қисмати шимолу ғарбии Эрон наздик ба 50 ҳазор нафарро ҳалок кард. Қувваи он аз 7,3 то 7,7 балл эълон шуда буд.
30-уми сентябри соли 1993 бар асари заминларза бо иқтидори 6 балл наздик ба 10 ҳазор нафар кушта шуданд.
17 – уми январи соли 1995 дар Ҷопони Марказӣ як заминларзаи то 7,2 балл бештар аз 6 ҳазор нафарро ҳалок кард.
10 – уми майи соли 1997 дар шимоли Эрон заминларза бо иқтидори 7,1 балл ба ҳолокати наздик ба якуним ҳазор нафар сабаб шуд.
30 –уми майи соли 1998 ларзиши замин бо қувваи 6,9 балл дар шимоли Афғонистон ва ҷануби Тоҷикистон сабабгори ҳалокати ҳудудан 5 ҳазор нафар шуд.
21-уми сентябри соли 1999 дар ҷазираи Тайван замин бо қувваи 7,6 балл такон хӯрд ва дар он наздик ба 2,4 ҳазор нафар ҳалок шуданд.
17-уми августи соли 1999 дар ғарби Туркия як заминҷунбии 7,4 балл наздик ба 17 ҳазор нафарро кушт.
25 - уми январи соли 1999 дар заминларзаи ғарби Колумбия тақрибан 1170 нафар ҳалок шуданд.
Заминларзаи мудҳиши 7,9 балл, ки 26-уми январи соли 2001 дар иёлоти Гуҷарати Ҳинд рух дод, ҷони қариб 20 ҳазор нафарро гирифт. Бештар аз миллион нафар аз хонаву кошонаи худ маҳрум шуданд. Калонтарин шаҳри Ҳинд – Аҳмадобод аз ин ларзиши замин осеби сахт дид.
22 – уми июни соли 2002 бар асари заминҷунбии шашбалла дар қисмати шимолу ғарбии Эрон ҳудудан 500 нафар ҳалок шуданд.
25-уми марти соли 2002 заминларза ба иқтидори 5,8 балл дар Афғонистон наздик ба 1 ҳазор нафарро кушт.
24-уми феврали соли 2003 бар асари як заминларзаи шадиди аз 6,3 то 6,8 балл дар ғарби Чин 266 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бештар аз даҳ ҳазор хона вайрону валангор шуд.
Беш аз ду ҳазор одам дар заминларзаи 21-уми майи соли 2003 Алҷазоир ба ҳалокат расиданд. Бештар аз 8 ҳазор нафар захмӣ шуданд.
1 – уми майи соли 2003 дар заминларзаи ҷанубу шарқи Туркия 167 нафар кушта шуданд, ки 83 тани онҳо кӯдакон буданд.
26-уми декабри соли 2003 дар заминларзаи шаҳри Бами Эрон беш аз 26 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
11- уми августи соли 2012 дар заминларзаи шимолу ғарби Эрон ҳаддиақал 250 нафар куштаву беш аз 2 ҳазор нафар захмӣ шуданд.
Дар Марокко 24-уми феврали соли 2004 заминларза беш аз 500 нафарро кушт.
22-уми феврали соли 2005 дар Эрон бар асари заминҷунбии то 6,4 балл садҳо тан ҷонашонро аз даст доданд.
28-уми марти соли 2005 наздик ба 1300 нафар дар натиҷаи заминларзаи 8,7 балл дар уқёнуси Ҳинд ҳалок шуданд.
8-уми октябри соли 2005 дар заминларзаи Кашмири Ҳинд 73 ҳазор нафар одамон дар қисмати шимолии Покистон кушта ва миллионҳо нафар бехонаву ҷой монданд.
Дар навоҳии ҷудогонаи қисмати ғарбии Эрон бар асари заминларзаи рӯзи 1-уми апрели соли 2006 70 нафар ҳалок шуданд ва 1200 нафар захм бардоштанд.
Қурбониёни заминлазаи Ёваи Индонезӣ дар таърихи 27-уми майи соли 2000 ба беш аз 5 ҳазору 700 нафар расид.
17-уми июли соли 2006 дар Индонезӣ бар асари тӯфони хеле шадид заминларзаи зериобӣ рух дод ва он ҷони бештар аз 650 нафарро гирифт.
15-уми августи соли 2007 дар шаҳри Икеи Перу заминларзаи зериобии то 7,9 балл, ки дар уқёнуси Ором, дар масофаи 145 километр ба қисмати ҷанубу шарқии пойтахти ин кишвар воқеъ гардид, 519 нафарро ҳалок кард.
87 ҳазор нафар бар асари заминларзаи 7,8 балл дар Сичуани Чин ҳалок шуданд. Ин заминларза дар таърихи 12-уми майи соли 2008 рух дод. Дар он беш аз 270 ҳазор тан захмӣ шуданд.
Дар вилояти Балуҷистони Покистон рӯзи 29-уми октябри соли 2008 дар як заминларза то 300 нафар ҷон бохтанд. Худи ҳамин рӯз замин дар шаҳри Кувета ҳам шадидан такон хӯрд, вале аз хисорати ворида арқоми дақиқ интишор нашуд.
Дар шаҳри таърихии Аквили Итолиё наздик ба 300 нафар бар асари заминҷунбии рӯзи 6-уми апрели соли 2009 кушта шуданд. Тибқи омори расмии интишоршуда 60 ҳазор нафар хонаҳои худро аз даст доданд.
30-уми сентябри соли 2009 замин дар ҷазираи Суматраи Индонезӣ такон хӯрд. Ҳудудан ҳазор нафар ҳалок шуданд ва ҳамин миқдор бенишон ғайб заданд.
Дар пойтахти Ҳоитӣ рӯзи 12-уми январи соли 2010 дар натиҷаи заминҷунбии 7 балл наздик ба 230 ҳазор нафар ҳалок шуданд.
27-уми феврали соли 2010 дар заминларзаи Чилӣ беш аз 700 нафар ҳалок шуданд.
14-уми апрлели соли 2010 ҳудудан 400 нафар дар заминларзаи вилояти Синҳойи ғарби Чин кушта шуданд.
160 нафар бар асари заминларзаи рӯзи 22-уми феврали соли 2011 дар шаҳри Крайстчерчи Зелландияи Нав ба ҳалокат расиданд. Наздик ба 100 ҳазор хонаҳо зарар диданд.
11-уми марти соли 2011 дар Ҷопон замин 8,9 балл такон хӯрд. Дар натиҷа беш аз 20 ҳазор нафар ё ҳалок шуданд ва ё бенишон ғайб заданд. Ин заминларза ба дунболи тӯфони азим рух дод ва оламро аз такрори як Чернобели нав ҳушдор дод.
Дар заминҷунбии 23-уми октябри соли 2011 ҷанубу шарқии Туркия беш аз 200 нафар ба ҳалокат расиданд ва наздик ба ҳазор нафар захмӣ шуданд.