Даричаи ошноӣ: Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон

Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон соли 1978 ташил шудааст ва он замон ин сохтор Ситоди мудофиаи граждании вилояти Қурғонтеппа номида мешуд.
Аввалин сардори Ситод Митюкова буд ва он аз 25 воҳиди корӣ иборат буд.
Аз соли 1988 то соли 1989 он Ситоди мудофиаи граждании вилояти Хатлон номида мешуд ва сарвараш полковник Проскурин буд. Дар ин муддат теъдоди кормандони ҳамаи бахшҳои Ситод аз 25 нафари соли 1978 ба 44 нафар расид.
Соли 1991 ба Ситоди мудофиаи граждании вилояти Қурғонтеппа тағйири ном кард ва сарварии онро полковник Лущик ба уҳда дошт. Шумораи кормандонаш ба 48 нафар расид.
Бо Қарори Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 400 аз 17 – уми августи соли 1994 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар вилояти Хатлон низ сохтор Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон номида шуд. Сардори Ситод подполковник Суходубов буд ва теъдоди кормандони ҳамаи бахшҳои он аз 48 нафар ба 75 нафар расид.
Аз соли 1995 то соли 2000 Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Ҳалимов М.Т. буд ва теъдоди шататии кормандони он 22 нафар (аз соли 1998 21 нафар)-ро ташкил медод.
Соли 1998 ба шумори кормандони Ситод 16 нафар афзуд ва теъдоди онҳо аз 22 ба 38 нафар расид.
Сар аз соли 1999 Ситод 65 корманд дошт ва аз соли 2000 теъдоди онҳо то 49 нафар коҳиш дода шуд.
Аз соли 2001 то соли 2006 сарварии Ситод бо 50 воҳиди кории он ба уҳдаи полковник Ш.Бозоров буд ва аз соли 2006 роҳбарии онро бо 63 воҳиди кориаш полковник С.Ш.Азанов ба уҳда дошт.
Солҳои баъдӣ то кунун, ки сарварии Ситод ба зиммаи полковник А.Ғ.Хушвақтов, майор А.Л. Шарифов ва подполковник С.У. Исоев буд. Теъдоди кормандони он низ пайваста дар ҳоли афзоиш буд ва ҳоло он дорои 85 воҳиди корӣ мебошад.

барчасп: