Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холии мутахассисон, ки дар ихтиёри Раёсати ақибгоҳи КҲФ мебошад, озмун эълон мекунад: - агрономҳо - зоотехникҳо Талаботи тахассусӣ. Доштани маълумоти махсус. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ширкат дар озмун доранд, ба Раёсати кадрҳои КҲФ асноди зеринро пешниҳод кунанд: а) ариза, ҳолнома; б) саволномаи бо дасти худ пуркардашуда ҳамроҳ бо расмҳои андозаи 3Х4 - 4 дона ва 9 Х 12 - 2 дона; в) нусхаи шиноснома, диплом, ки нотариус тасдиқ карда бошад;
г) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки нотариус ва ё хадамоти кадрҳои ҷойи кор тасдиқ карда бошанд; д) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тайидкунандаи фаъолияти кории шаҳрванд, ки нотариус ва ё хадамоти кадрии ҷойи кор тасдиқ карда бошад; ж) нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ; з) нусхаи дафтарчаи тиббӣ; и) нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ, таваллуди кӯдакон; к) маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила; л) хислатнома; м) тавсия аз се нафар;