Даричаи ошноӣ: Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд

Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воҳидҳои асосии сохтории Кумита мебошад, ки фаъолиятро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷангӣ амалӣ менамояд.
Маҷмӯи чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ аз тарафи душмани эҳтимолӣ истифодабарии воситаҳои ҳозиразамони зарбазананда нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.
Инчунин, Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд фаъолияти Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвию радиометрии Кумита ва ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хучанд ва Дастаи харбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳии ш.Норакро ҳамоҳанг месозад.
Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд - дар фаъолияти худ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ»-ро ба роҳбарӣ мегирад.
Мутахассисони Раёсат дар таҳия ва назорати иҷрои Стратегияҳои миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои рушди минтақаҳо иштирок менамоянд.
Айни ҳол, шӯъбаҳои зерин дар таркиби ӯ амал мекунанд:

  • шӯъбаи чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд;
  • шӯъбаи чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ;
  • шӯъбаи ҳифзи радиатсионию кимиёвӣ ва ҳифзи тиббию биологӣ;
  • ва гуруҳи эвакуатсия ва нақлиёт.

1. Шӯъбаи чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд. Вазифаи асосии шуъба аз  ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст намудани маълумотҳо, арқому аснод оиди ҳолатҳои фавқулоддаи баамаломада, ки аз Комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба Кумита ворид мешаванд, иборат мебошад. Ҳуҷҷатҳоро таҳлил ва омӯхта, шӯъба бо хулосаҳои мутахассисон барои пешниҳод кардан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати чорабинӣ омода менамояд. Дар сурати зарурат мутахассисони шӯъба бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарияти Кумита ба шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои санҷиши дурустии маълумотҳои воридшуда фиристода мешаванд, ки дараҷа ва ҳаҷми зарари ҳақиқии расидаро муайян намоянд.       
Мутахассисони шӯъба рўйхати аниқшудаи аҳолии Ҷумҳурӣ, ки бар асари офатҳои табиӣ манзили зисташон пурра ё қисман зарар дидаанд, омода менамояд.  Инчунин, маблағи кӯмаки яквақтаинаи моддиро ба аҳолии зарардида ҳисобу китоб намуда, ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод менамояд.
Дар асоси маълумотҳои омода намуда, Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ба оилаҳои зарардида кўмаки яквақтаинаи моддӣ ҷудо менамояд.
Инчунин, шӯъба дар таъмини шароити корҳо дар мавзеъҳои ҳолатҳои фавқулодда, арзёбии вазъ ва муайян намудани ҳаҷми зарари расида бар асари офатҳои табиӣ ва таҳия намудани дастуру ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ӯҳдадор аст.
2. Шӯъбаи чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ.  Вазифаи асосии шӯъба таҳқиқ намудани иншоотҳои муҳандисӣ - роҳҳо, хатҳои барқ, алоқа, қубургузарҳои обгузар, иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ (паноҳгоҳҳо, паноҳгоҳҳои зидди радиатсионӣ, таҳхонаҳо), иншоотҳои муҳофизатӣ (сарбандҳо, заҳбурҳо, наҳрҳо, садҳои соҳилмустаҳкамкунӣ) ва назорати омода сохтани онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда оид ба ҳифзи аҳолӣ мебошад.

Шуъба маълумотро оид ба вазъи иншоотҳои муҳофизати мудофиаи гражданӣ ҷамъ менамояд. Лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳои шаҳрдориро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ баррасӣ мекунад.
Инчунин, шӯъба дар таъмини шароити корҳои барқарорсозӣ дар мавзеъҳои ҳолатҳои фавқулодда, баҳодиҳии пешакии вазъи муҳандисӣ-геологӣ якҷоя бо идораҳои дахлдор дар ҳудуди Ҷумҳурӣ, ташкили тадқиқоти муҳандисии минтақаи ҳолатҳои фавқулодда, ва тайёр намудани дастуру ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба масъалаҳои чорабиниҳои муҳандисию техникӣ ӯҳдадор аст.
3. Шӯъбаи ҳифзи радиатсионию кимиёвӣ ва ҳифзи тиббию биологӣ. Фаъолияти шӯъба асосан вобаста:
- ба нақшагирӣ, ташкил ва назорат  бурдан аз рўи гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ аз тарафи ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, назорат бурдан аз руи ҳолати нигоҳдории маводи сахттаъсири заҳролудкунанда дар иншоотҳои хатарноки кимиёвӣ ва манбаъҳои радиоактив дар корхонаҳо, назорат бурдан аз рўи ҳолати нигоҳдории амволи ҳифзи кимиёвии мудофиаи гражданӣ, ташкили гузаронидани назорати дозиметрӣ ва кимиёвӣ ва  чорабиниҳои бехатарии радиатсионӣ мебошад;
- ташкил ва назорати гузаронидани чорабиниҳои табобатӣ-профилактикӣ, санитарӣ-гигиенӣ, эпизоотӣ ва эпифитотӣ дар минтақаи офатзада, назорати ҳолати омодагии хадамоти тиббӣ ва муҳофизати ҳайвоноту набототи мудофиаи граждании ҶТ, инчунин дар доираи Низоми ягона барои амалиёт дар ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, пешгӯи намудан, маҳдуд ва бартараф намудани онҳо, таъмини назорат ва мониторинги ҳолати эпидемиологӣ, эпизоотӣ ва эпифитотии Ҷумҳурӣ, таъмин намудани амалиётҳо доираи Низоми ягона баҳри расонидани ёрии тиббӣ ба ҷабрдидагон мебошад.
Инчунин, шўъба дар таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои чорабиниҳои ҳифзи радиатсионию кимиёвва ҳифзи тиббию биологӣ ўҳдадор аст.
4. Гурўҳи эвакуатсия ва нақлиёт. Вазифаи асосии гурўҳ аз нақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани чорабинихои эвакуатсионӣ, ҷобаҷогузории аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда иборат мебошад.
Мутахассисони гурўҳ дар омода намудани рўйхати аниқшудаи хоҷагиҳои аз минтақаҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчонидашаванда, ки таҳти равандҳои экзогенӣ қарор мегиранд, иштирок намуда, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва кўмаки яквақтаинаи моддӣ пешниҳод менамояд.
Гурўҳ якҷоя бо идораҳои дахлдор дар ҳудуди Ҷумҳурӣ дар муайян намудани мавзеъҳои хавфноки табиӣ, ташкили тадқиқотии муҳандисӣ-геологии мавзеъҳои хавфнок ва омода намудани дархост ҷиҳати ҷудо намудани хаймаҳо ба хоҷагиҳои кўчонидашаванда тибқи талаботномаи вазорату идораҳои дахлдор иштирок менамояд. Инчунин, гурўҳ дар таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои чорабиниҳои эвакуатсионӣ иштирок менамояд.

Иртибот бо Раёсат: тел./факс: 221-87-42, e-mail: uznit@mail.ru

 




Сардори Раёсат: полковник
Камолов Ҷамшед Ҷамолович,

номзади илмҳои техникӣ