Дар марҳилаи аввали Кушоишҳои бузурги географӣ Испания ва Португалия нақши муҳим ва калидӣ бозиданд. Ин ду кишвар бо сабабҳое пештар аз мамолики дигар омода ба иҷрои вазифаҳои мушкиле, ки ҳаёт дар наздашон гузошта буд, шуданд. Муддати чанд даҳсола баҳрнавардони ин кишварҳо роҳи ҷанубу шарқӣ ба кишварҳои Шарқ дар атрофи Африқо ва ҷанубу ғарб давр задани Амрикоро кашф карданд, дар ҷустуҷӯи роҳҳои ғарбӣ, ки Кобот ва писари вай Себастян роҳ андохтанд, киштиҳои инглисҳо уқёнуси Атлантикро гузаштанд ва қитъаи Амрикои Шимолиро убур намуда, қитъаи бузурги Амрикоро кашф ва онро меомӯзанд.
Дар миёнаҳои асри XVI давлатҳои қудратманди пиренеӣ тадриҷан аз кишваркушоиҳои нав даст мекашанд ва талош мекунанд ҳузури худро дар заминҳои то кунун ишғолкардаи хеш тақвият кунанд. Ин холигоҳро Англия ва хеле баъдтар Голландия пур мекунанд. Инҳо ду кишвари то ҳадде нерӯманд ҳам буданд ва метавонистанд ҷойгоҳи худро дар кашфи заминҳои наву ишғоли он пайдо кунанд, вале бо вуҷуди он наметавонистанд испониҳо ва португалиҳоро аз роҳҳое, ки ба самти сарвату боигарӣ, тиллову ҷавоҳирот мебаранд, танг созанд. Аз ин рӯ Англия ва Голландия мебоист роҳҳои наверо меҷустанд, ки аз Аврупо ба кишварҳои Шарқ мебурданд. Инҳо: масири шимолу ғарб - ба атрофи Амрикои Шимолӣ ва шимолу шарқ ба самти соҳилҳои шимолии Осиё буданд. Бо назардошти ин ду гузина баҳрнавардон дуруст тахмин мезаданд, ки Осиё ва Амрико бо гулӯгоҳе аз ҳам бурида шудаанд, ки аз тариқи он метавон аз уқёнуси яхбастаи Шимолӣ ва уқёнуси Ором расид.
Роҳ ба соҳилҳои Амрикои Шимолиро шаҳрванди Генуя Ҷон Кобут (Ҷованни Кобото), ки дар Англия мезист, кушод. Дар сафари баҳрии вай ва писри ӯ Себастян, ки соли 1498 сурат гирифт, киштиҳои англисҳо уқёнуси Атлантикаро гузашта, ба ноҳияи Нюфауундленди қитъаи Амрикои Шимолӣ расиданд, сипас бо ҳаракат ба имтидоди соҳили шарқии он ба самти ҷанубу шарқ роҳ пеш гирифтанд. Аммо ин сафар бефоидаву зараровар анҷом гирифт. Аз ин рӯ, инглисҳо боз муддате ба таҳқиқи зхаминҳои қаблан кашфшуда рӯ оварданд, ҳарчанд Себастян Кабот баъдан боз ду маротибаи дигар то ба соҳилҳои Амрикои Шимолӣ шино карда буд.
Солҳои бистуми асри XYI дар ҷустҷӯи роҳи гузар ба қисмати Шимолу ғарбӣ экспедитсияҳои португалиҳо, испониҳо ва фаронсавиҳо талошҳои зиёд карданд ва ба онҳо муяссар гардид, ки ҳазорҳо км соҳили Амрикои Шимолиро аз қисмати шарқии нимҷазираи Лабрадор то Флорида кашф ва вориди харита кунанд. Солҳои 1534-1536 Жак Картйеи фаронсавӣ халиҷи Лаврентияи Муқаддас (бахше аз обҳои шимолу ғарбии уқёнуси Атлас, ки дар ҷанубу шарқи Канада воқеъ мебошад)-ро таҳқиқ кард ва қадоқади рӯдхонаи Лаврентии Муқаддаси кашфкардаи худ то резишгоҳи дарёи Оттава расид. Аммо монеъаҳое барои идомаи кушоишҳои вай пеш омаданд, ҳарчанд аз ҳиндуҳо Картйе фаҳмид, ки дар қисмати ҷанубу ғарбӣ як макони густардаи сероб мавҷуд аст. Ҳамин тариқ аврупоиён бори аввал дар бораи кӯлҳои Бузури амрикоӣ, ки билохира онро фаронсавиҳои дар асри XYII кашф карданд, хабар ёфтанд. Ҳиндуҳои маҳаллӣ ин макони будубош ва зодбуми худро дар бисёр мавридҳо «канал» меномиданд ва бо гузашти солҳо аврупоиён ҳамаи қисмати Шимолии қитъаи Амрикоро Канада номиданд.
Абел Ҷонсон Тасман – дарёнавард,
сайёҳ ва кашшофи ҳолландӣ.
Дар чаҳоряким чоруми асри XYI ташаббусҳои ҷусутҷӯҳои барои расиданд ба қисмти шимолу ғарбиро бо боварии том Англия ба даст гирифт. Солҳои 1576-1578 се маротиба Мартин Фробишер талош кард вориди обҳои шимоли Амрико шавад. Ва ӯ кашфи заминҳои соҳилҳои халиҷ ё баҳри Боффинро асос гузошт; халиҷе, ки дар поёни қисмати ҷанубу шарқӣ Фробишер иштибоҳан гулӯгоҳ номида буд, ҳоло ҳам ба номи ӯст.
Ҳенрӣ Ҳудзон (анг. Henry Hudson – ковишгар ва ҷуғрофидони барҷастаи британиёӣ дар Амрикои Шимолӣ) соли 1607 ба ғарби Шпитсберген расид, солҳои 1610-1611 нимҷазираи Лабрадорро аз шимол ва ғарб убур кард. Ҳудзон бар ин назар шуд, ки гузаргоҳ ба уқёнуси Оромро кашф кардааст, аммо дар асл вай вориди халиҷи бузурге шуда буд, ки баъдҳо халиҷи Ҳудзон номида шуд. Дар экспедитсияҳои баъдии солҳои 10-30 асри XYII ин минтақаҳо таҳқиқ ва ба харитаи соҳилҳои баҳри Боффин дохил карда шуданд.
Тасвири киштии капитан Ченслор
ҳангои убур аз димоғаи Нордкап
дар соли 1553.
Аз миёнаҳои асри XYI инглисҳо ва ба дунболи онҳо ҳоландиҳо ба ҷустуҷӯи гузаргоҳи Шимолу шарқӣ уфтоданд. Дар ҷараёни ин ҷусторҳо (солҳои 1553-1554) Ричард Ченслори инглис бо Русия равобити тиҷорати барқарор намуд. Стивен Барроу (инг. Steven Borough - баҳрнаварди инглис ва муҳаққиқу пажӯҳишгари Арктика) бошад бо истифода аз нишондоди поморҳои рус ба ҷазираи Вайгач расид. Солҳои 1594-1597 баҳрнаварди машҳули голландӣ Бил Баренс се маротиба ба сафари баҳр баромад, вале ба вай ҳам муяссар нагардид, ки аз Замини Нав қадаме пештар равад. Дар асри XYII ҷустуҷӯҳои шимолу шарқӣ низ чун ҷусторҳои шимолу ғарбӣ беоқибат ва беҳуда эълон шуд.
Димоғаи Нордкап, ки онро гузашта,
киштиҳо ба обҳои Арктика мебаромаданд.
Тасвири аввали асри ХХ.
Семён Дежнёв сайёҳ, дарёнавард,
муҳаққиқи Сибири Шимолӣ,
Шарқӣ ва Амрикои Шимолӣ.
Поёни Кушоишҳои бузурги географӣ шаҳодат аз сафарҳои пурбори баҳрӣ ба шимол ва ҷануб медиҳад. Солҳои 1642-1644 Абел Тасман (нидерл. Abel Janszoon Tasman-дарёнавард ва сайёҳи голландӣ дар асри 17. Кашфи ҷазираи Тасмания, Зелландияи Нав, Тонго,Фиҷӣ ё Ҷумҳурии ҷазираҳои Фиҷӣ ба ӯ мутааллиқ аст) иқдомоти ҳалкунанда ба кашфи Австралия анҷом медиҳад.
Тасвири киштии Федот Попов.
Соли 1648 бошад Федот Попов (Федот Алексеевич Попов-тоҷир ва гардишгари рус, ки халиҷи Берингро кашф кардааст) ва Семён Дежнёв (сайёҳ, дарёнавард, муҳаққиқи Сибири Шимолӣ, Шарқӣ ва Амрикои Шимолӣ) бори аввал аз уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба уқёнуси Ором мегузаранд ва бо ҳамин мавҷудияти гузаргоҳи Шимолу шарқӣ, ки баҳрнавардони кишварҳои мухталифи Аврупо муддати тӯлонӣ дар асри XYI ва авали асри XYII меҷустанд, исбот шуд.
Аммо кашфи Попов ва Дежнёв машҳур нашуд ва дар асри XYIII ба Витус Беринг лозим омад дубора ба ҳалли ин масъала камар бандад.
(Идома дорад) Таҳияи Б.Шафеъ
МАВОДҲОИ ҲАМСОН: