Covid-19 то 29-уми сентябри соли 2020 дар олам. Воксани таҷрибашудаи Русия ҳоло то Белорусия расид. СҶТ гуфт, ки давлатҳои камдаромад 120 миллион тест ба коронавирус дарёфт мекунанд

29 сентябри соли 2020 шумори гирифторон ба вируси корона Covid-19 ба  33 миллиону 552 ҳазору 152 нафар расид. Танҳо дар як шабонарӯз дар олам  67 ҳазору 340 нафар сироят шуданд.  Аз оғоз то ба имрӯз дар кулли кишварҳои ҷаҳон бештар аз 1 миллиону 370 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ дар олам 1 ҳазору 595 нафар ба ҳалокат расидаанд.Аз коронавирус КОВД-19 дар ҷаҳон то 29 сентябри соли равон 24 миллиону 880 ҳазору 948 нафар шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам бо пахши як хабар шоми дирӯз шумори мубталоёни нав ба коронавирус дар кишварро 9685 нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки 87,5 дарсади беморон шифо ёфтаанд ва то кунун аз коронавирус  75 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  Гуфтанист, ки Тоҷикистон дар шохиси кишварҳои суироятшуда ба коронавирус дар ҷойи 102-ум мебошад. 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки кишварҳои даромадашон паст 120 миллион тест ба коронавирус дарёфт хоҳанд кард. Ин таҷҳизот қодир аст ҳамагӣ зарфи 15-30 дақиқа мавҷудияти уфунӣ дар бадани инсонро муайян кунад,- гуфт Директори  генералии созмон Тедрос Аданом Гебрейесус.

Ҳамоно ИМА дар сирояти сокинонаш ба коронавирус ва марги онҳо бар асари ин беморӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст. То ба имрӯз дар ин кишвар бештар аз 7,1 миллион нафар мубтало ба қайд гирифта шуда, тибқи ҳисоби ширкати телевизионии NBC беш аз 205 ҳазор нафар фавтидааанд.

Бразилия дар марги афрод аз коронавирус дар ҷойи дуюм (қариб 142 ҳазор) ва Ҳинд бо бештар аз 96 ҳазор нафар дар ҷойи сеюм қарор дорад. 

Президенти Кения рӯзи душанбе амали қуюди шабгардӣ дар ин кишварро боз 60 рӯзи дигар дароз кард, аммо давомнокии онро 2 соат коҳиш дод. 

Ситоди тиббии мубориза бо густариши коронавирус дар департаменти тандурустии Эстония дубора ба фаъолият оғоз намуд. 

Кобинаи вазирони Озарбойҷон рӯзи душанбе қарор дар бораи идомаи карантин то 2 ноябрро қабул кард. Қарори карантин дар ин кишвар аз аввали ҳамагирии коронавирус қабул шуда буд.

Молдова рафтуомади озодонаи бошандагони Русияро аз сабаби авҷи коронавирус манъ кард. 

Хазинаи русиягии сармоягузориҳои мустақим ба Белорусия аввалин воксани зидди коронавирус “Спутник -  ро таҳвил дод. Қарор аст ин воксан дар Белорусия аввал аз санҷиши клиникӣ гузарад. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки дар Русия зарфи як шабонарӯзи гузашта шумори сироятёфтагон ба коронавирус 8 135 нафар афзуд. 

Рӯзи душанбе дар Англия ҷарима барои нақзи низоми худинзивоъӣ афзуд. Ин ба одамоне дахл хоҳад дошт, ки бурун аз хона дида мешаванд ва ё бо аломатҳои КОВИД-19, ё худ баъди он ки бо онҳо кормандони барномаи Test and Trace, ки иртибот бо сироятшудагонро пайгирӣ мекунанд, вомехӯранд. Бори аввал вайронкунандагони низом бояд 1000 фунт (қариб 1,3 ҳазор доллари ИМА) ҷарима супоранд. Ва дар сурати такроран вайрон кардани низоми маҳдудиятҳо то 10 ҳазор фунт (баробар ба 13 ҳазор доллари ИМА) ҷарима хоҳанд шуд. 

Ташкилкунандагони бозиҳои олимпии Токио эълон краданд, ки ин бозиҳо 25 марти соли 2021 таҳти шиори “Умед роҳи моро рушан мекунад” оғоз мешавад.Олимпиада аз  префектураи Фукусима, ки соли 2011 мудҳиштарин садамаи Нерӯгоҳи ҳастаӣ рух дода буд, шуруъ мешавад. Аз он ҷо машъали олимпӣ дар ҳамаи 47 префектураи Ҷопон чарх мезанад.