Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз тағйири иқлим дар сар то сари олам иброз дошт, ки ин равандҳо ва офатҳои табиӣ мушкилоти вобаста ба обро дучанд печидатар кардаанд.
Президенти Тоҷикистон, ки ахиран дар ҳамоиши байналмилалии об дар Будапешт суханронӣ мекард, гуфт: “Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд”.
Аз назари Савари давлати Тоҷикистон “бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон ба таъкид бар ин ки обшавии пиряхҳо як мушкили умда дар тағйири иқлим аст, гуфт: “Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар дар андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Чунин ҳолат аз мо андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обии кишвар ва бо ин тағйиротҳо мутобиқ гардонидани низоми истифодаи обро тақозо менамояд”.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамзамон ба самъи ҳозирин расонд, ки “Масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд”.