Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 27-уми ноябри соли равон ҳавои сард боқӣ хоҳад монд.
Ҳарорати миёнаи ҳаво рӯзона -5—7°С, шабона -10-15°С хоҳад буд. Тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат боридани барф, дар баъзе ҷойҳо бӯрони шадид, ки ҳангоми шамоли сахт бинишро бад мекунад, дар роҳҳои куҳӣ хавфи ба вуҷуд омадани ғарами барф ва яхбандии шадид аз эҳтимол дур нест.  

Дар ҳоли харобии вазъи ҳаво эҳтимол меравад:
- хатҳои интиқоли нерӯи барқ хароб шаванд, қисме аз дарахтон дар ҷодаҳо сарозер гарданд
;
-
 бад шудани биниш ҳангоми боришот, мушкили ҳаракати нақлиёт, дар роҳҳо пайдо шудани мошинҳову одамони зиёд ва ҳолатҳои садамавӣ.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад боз ҳам эҳтиёткор ва бодиққат бошанд.