Имрӯз дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мешаванд.
Дар ин рӯз чун анъана ба сарбози беҳтарин шарафи боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насиб хоҳад шуд.
Ҳамзамон бо ин дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомаду ҷаласаҳо дар мавзуъҳои ватандӯстӣ гузаронида хоҳанд шуд. Дар нишастҳо ба сарбозон афсарони соҳибтаҷриба дар бораи рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва то куҷо арзиш доштани эҳтирому муҳаббат ба Парчамро хоҳанд фаҳмонд.
Дарсҳои тарбиявии имрӯз бо нақлҳо аз солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз хоҳанд шуд, ки парчам чӣ нақше дар руҳияи сарбозон дошт. Ҳар ваҷаб хоки Ватан, ки аз дасти ғосибони фашистӣ озод мешуд, дар он ҳатман парчами Ватан парфишон мегардид ва ин руҳияи ҷанговаронро боло мебурд.
Дар ин рӯз ҳамчунин чорабиниҳои зиёди фарҳангиву истироҳатӣ гузаронида мешаванд. Баъди анҷоми чорабиниҳо хизматчиёни ҳарбии дар адои хизмат фарқкарда ва дорои интизому рафтори намунавӣ Ифтихорномаҳо тақдим хоҳанд шуд.
Ҳамаи ин чорабиниҳои тантанавӣ бо сафороии ҳарбӣ ва гузашти низомӣ анҷом мегиранд.
Маврид ба ёдоварист, ки имрӯз, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аст, ки чун анъана ҳамасола таҷлил мешавад. Тавре Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар ин бора мефармояд: «Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд”. Ба гуфтаи Сарвари давлат, қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд.
«Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид»,- зикр намуданд Пешвои миллат ва илова карданд, ки «Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад».