Имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳадафи дидор баррасии фаъолиятҳои имсолаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ, дурнамои ҳамкориҳо ва мусоидат дар таҳкими иқтидори кормандони КҲФ дар масъалаҳои омӯзиш дар самти пуштибонии равонӣ-иҷтимоӣ ва равонӣ буд.
Дар ҷараёни мулоқот Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба муҳим будани ташкили хадамоти равоншиносон дар Кумита ҷалб кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Бо мақсади ташкил ва татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳолати руҳии фаъолияти касбии кормандони КҲФ, расонидани кумакҳои буҳронии равонӣ ба зарардидагон дар вазъи фавқулодда зарурати ташкили ин гуна хадамот ба миён омадааст”.
Намояндагони Салиби Сурхи Байналмилал низ ба он таъкид намуданд, ки бунёди ин гуна як хадамот ёрӣ мерасонад, ки майдони ҳамкориҳо миёни Салиби Сурхи Байналмилал ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда васеъ шавад ва ин ҳамзамон заминае хоҳад буд барои расонидани кумакҳои фаврӣ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ.