Ҳайати КҲФ барои ширкат дар ҷаласаи байнидавлатӣ ба Маскав рафт

Як ҳайати баландпоя аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Ҷонишини аввали Раиси кумита Рустам Шоҳиён ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногении кишварҳои ИДМ 16-уми ноябр ба Маскав сафар кард. 
Ширкаткунандагони ҷаласа фаъолияти Шӯроро дар солҳои 2015-2016 ва чораҳо дар мавриди такмили ҳамкориҳо, Нақшаи санҷишҳои назоратии байниҳамдигарии кишварҳои узви ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, масъалаи интихоби раиси навро баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин бо мақсади такмили базаи шартномавиву ҳуқуқии ҳамкориҳо аъзоёни Шӯро масъалаи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюм (солҳои 2016-2020)-и Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 – ро низ мавриди баҳс қарор медиҳанд.
Ширкаткунандагони ҷаласа аз рафти  иҷрои қарори мақомоти олии ИДМ ва Шӯрои байналмилалии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дар ҷараён гузошта хоҳанд шуд. 
Баррасии масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин ҳамкориҳои наздисарҳадӣ дар доираи ИДМ оид ба пешгирӣ аз вазъи фавқулоддаи наздисарҳадӣ низ дар назар аст.

барчасп: