Хонум Регина Гуян, Ҳамоҳангсози Барномаҳои Агентии швейсарии рушд ва ҳамкориҳо изҳор дошт, ки ин ниҳод омода аст дар роҳандозии дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бунёди Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ кӯмак кунад.
15-уми ноябри соли 2016 бо ташаббуси Агентии Швейсарии рушд ва ҳамкориҳо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии ёдшуда бо сарварии хонум Регина Гуян дидор кард.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз рушди ҷараёни ҳамкориҳо изҳори хушнудӣ кард ва гуфт: “Дар ин иртибот ман мехостам ба Шумо, хонум Гуян, барои ширкат ва кӯмакҳои саривақтӣ ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ, ки баҳору тобистон рух дода буданд, изҳори ташаккур кунам. Ин бе шак натиҷаи шамкориҳои самаранок ва ҳамдигарфаҳмист”.
Дар навбати худ хонум Регина Гуян зикр кард, ки ин ду ниҳод метавонанд ҳамкориҳои бештаре дар оянда дошта бошанд.
“Муҳимтар аз ҳама ин ҳамоҳангсозӣ ва табодули таҷриба, аз ҷумла табодули ахбор ва тактика аст, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар кишвар ҷанбаҳои пурқудрати худро доранд”,- гуфт Ҳамоҳангсози Барномаҳои Агентии швейсарии рушд ва ҳамкориҳо хонум Гуян.
Дар ҷараёни вохӯрии корӣ Сарвари Кумита ташаббуси ҳамкорони швейсарии худро дар мавриди гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони Кумита ва расонидани кӯмак дар бунёди Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ пуштибонӣ кард.
Ширкаткунандагони мулоқот ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ояндаро низ баррасӣ карданд.
Дар навбати худ Гидо Сутер – намояндаи дафтари Агентии Швейсарии рушд ва ҳамкориҳо қайд намуд, ки ҷониби Швейсария омода аст ба ҳамкориҳои муштарак бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома диҳад.