Инсоният аз оғоз барои муқобилият бо офатҳои табиӣ аз ҳама имкониятҳои худ истифода мебарад. Бахусус, дар замони мо, ки давлатҳо мекӯшанд дар ҳамоҳангӣ бо якдигар зидди ҳар офати табиӣ омода шаванд, чун зарари расида ба як кишвар ба ҳамсоякишвар низ ҳатман зарар мерасонад.
Гуруҳи арзёбиҳо ва ҳамоҳангсозии вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулодда низ ба ҳамин ҳадаф созмон ёфтааст, яъне дастаҷамъона мубориза бурдан барои бартарафсозии оқибатҳои ҳалокатбори офатҳои табиӣ ва омодагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ. Соли ҷорӣ ин гуруҳ фаъолияти як муддат қатъкардаашро аз сар гирифт.
Аз соли 2001, ки ин гуруҳ таъсис шудааст, дар сафарбаркунии пуштибониҳо барои ҳамоҳангсозии вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулоддаи бузургмиқёс, ки дар Тоҷикистон рух доданд, нақши муҳим бозид.
Ин гуруҳ якҷо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 40 ташкилот, аз ҷумлаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайридавлатии маҳалливу байналмилалӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Байналмилал, СММ ва агентиҳои сармоягузорро муттаҳид кардааст.
Шарикони Гуруҳ барои табодули ахбор ва таҷриба дар самтҳои гуногуни идораи офатҳои табиӣ, аз ҷумла коҳиши хатар, омодагиҳо, вокунишҳо ва чорабиниҳо оид ба иқтидори мақомоти давлатӣ ҳамеша вомехӯранд.
З1 – уми августи соли 2016 таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода мулоқоти Гуруҳи арзёбиҳо ва ҳамоҳангсозии вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуда буд, ки дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи “Таҳкими раванди арзёбии зарар ва эҳтиёҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Муайян намудани шартҳои расонидани кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ” равона гардид.
Дар ҷаласаи ёдшуда сарвари Кумита аз ҷумла гуфт, ки “Ба ҳам овардани неруҳо ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳо ба эҳтиёҷмандон ин бояд шиори мо дар кори муштараки мо боқӣ бимонад”.