Баъди барҳам хурдани Ситоди мудофиаи гражданин Ҷумҳурии Советии сотсиалистии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 аз 17 августи соли 1994 Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳамчун Раёсати корҳо фаъолият менамуд.
Аз 2 июли соли 1999 Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда Раёсати зикргардида ба шакли Раёсати корҳои Дастгоҳи Вазир таъсис дода шуд. Аз соли 2006 то инҷониб ҳамчун Раёсати корҳо ва нашрияи Кумита фаъолият менамояд.
Раёсатро аз соли 2016 полковник Аюбов Эроншо Гулаёзович роҳбарӣ менамояд.
Раёсати корҳо ва нашрияи Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бевосита ба Раиси Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Раёсати корҳо роҳбариро аз руи ташкил ва ба роҳ мондани мукотиботи хизматӣ ва коргузории ғайримахфӣ дар Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбии Кумита ба душ дошта, аз болои дар чорчўбаи қонун тайёр намудани санадҳои меъёрӣ дар раёсатҳою шуъбаҳои алоҳида ва воҳидҳои сохтории Кумита назорат мебарад.
Раёсат аз шуъбаи зерин иборат буда, шуъба дар доираи ваколатҳои муайян намудаи Низомномаи Раёсат фаъолият мекунанд:
Шуъбаи коргузорӣ, фармонҳо ва бойгонӣ:
Ташкили корҳои назоратӣ оид ба ичрои ҳуҷҷатҳое, ки таҳти назорат қарор доранд, иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо аз тарафи раёсатҳо, шуъбаҳои мустақил ва хадамотҳо, фармон ва муқаррароти Раиси Кумита
таҳлили интизоми ичроия ва омода кардани маълумотҳои лозимӣ барои пешниҳод ба роҳбарият;
қабул, бақайдгирӣ, ирсол намудан ва нигоҳ, доштани ҳуҷҷат- ҳое, ки ба нишонаи раёсатҳо, шуъбаҳои алоҳида, хадамотҳо, инчунин Раиси Кумита ва муовинони ў ворид гардидаанд;