Раёсати ҳамкории байналмилалии Кумита, баҳри густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва байнидавлатӣ доир ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда кушишу ғайрат ба харҷ медиҳад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, бо мақсади вусъат додани робитаҳои дуҷониба доир ба табодули маълумотҳо, расонидани кўмакҳо ҳангоми иҷрои корҳои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва дигар самтҳое, ки барои пурсамар намудани фаъолияти соҳа ва ташаккули фазои ҳамкории соҳавӣ шароити муносиб фароҳам меоварад, Раёсати ҳамкории байналмилалии Кумита дардавраи аз соли 2012 то соли 2014 фаъолияти худро дар омода ва ба имзо расонидани созишномаҳои байниҳукуматӣ бо вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки фаъолияташон ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда равона карда шудааст, ба роҳ мондааст. Аз ҷумла Созишномаҳои зерин ба имзо расонида шудааст:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оиди ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда 18 феврали соли 1998 таҳти №51 тасдиқ гардидааст;
Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодда оид ба ҳамкории Чумҳурии Беларус дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда 30 июни соли 2012 таҳти № 333 тасдиқ гардидааст;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ (муҳофизат), пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда 2 ноябри 2013 сол таҳти №488тасдиқ гардидааст;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз 3 июни 2014 сол таҳти № 369 ба имзо расидааст
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз 14 октябри 2014 сол таҳти № 653ба имзо расидааст.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади татбиқи амалии Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин баланд бардоштани самаранокии эътинои саривақтӣ ба ҳолатҳои фавкулодда, аз тарафи Кумита Протокол ба Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ ҳангоми расонидани кўмак дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз 26 октябри соли 2005, 18 июли соли 2014 сол таҳти № 477 тасдиқ гардидааст.
Ҷихати вусъат додани муносибатҳои тарафайн бо Хадамоти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Украина, Нақшаи чорабиниҳои муштараки ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Украина тартиб дода шуд, аммо бо сабаби нооромии амнияти давлати Украина масъалаи мазкур мавқуф гузошта шуд.
Бо мақсади ба Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ, ки дар сатҳи умумиҷаҳонӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва давраи муноқишаҳои ҷангӣ машғул аст ҷиҳати ба ҳайси аъзо дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои зарурӣ аз нав омода гардида, бо мактуби Кумита (12/1-510 аз 28.05.2014) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ирсол гардидааст. Вазорати корҳои хориҷӣ ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шўъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева расман муроҷиат намуда, тартиби аъзогӣ ба ин созмонро муайян намудааст.
Мувофиқи ин муқаррарот, муроҷиати кишвар барои аъзогӣ ба созмон бояд аз ҷониби Сарвари давлат, Сардори Ҳукумат ва ё Вазири корҳои хориҷӣ имзо гардад.
Бинобар он, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз тарафи Кумита мактуб таҳти №12/1-1188 аз 19.12.2014 пешниҳод гардидааст, ки баимзорасонии ҳуҷҷати мазкур аз тарафи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Бо сабаби аз нав дида баромадани масъалаи мустаҳкам намудани ҳамкории минтақавии мақомотҳои давлатӣ дар соҳаи огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳо, инчунин пурсамар намудани фаъолияти соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат ва ташаккули фазои ҳамкории соҳавӣ ва ташкили Маркази Осиёи Марказӣ оид ба огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, мактуби Кумита (12/1-465 аз 17.05.2014) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст. Бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №25527(31-6) аз 11.06.2014 масъалаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардидааст. Баъд аз таҳлил ва ҷамъбасти пешниҳодҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳукуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита маълумотнома пешниҳод карда шуд.
Айни замон, аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон мактуб оид ба шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази Осиёи Марказӣ оид ба огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ирсол гардидааст.
Инчунин, аз тарафи роҳбарияти Кумита Регламент оид ба ташкил намудани ҳамкорӣ дар самти мубодилаи иттилоот байни Кумита ва Вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расонида шудааст.
Мактубҳои дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муроҷиати Намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастгирӣ ва ташаббуси иштирок дар лоиҳаи ДИПЕКО – 7 ва 8 омода карда шуда, ба суроғаи ташкилотҳои байналмилалӣ равон карда шудааст.
Бо дастгирии Шӯъбаи ассотсиатсияи Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи 14 майи соли 2013 дар назди Ситод оид ба ҲФ ва МГ-и минтаrаи Кeлоб бинои Маркази таълимӣ ва тайёрии аҳолӣ ба ҲФ кушода шуда, ба тамоми васоити техникии омӯзишӣ ба истифода дода шуд. Маблағи сохтмони бино 146 606 сомонӣ ва васоити техникии омӯзишӣ 61 158 сомониро ташкил дод.
Дар асоси мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 31/10-67 аз 9 августи соли 2014, фармони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 143 аз 20 октябри соли 2014 дар ҳудуди вилояти Суғд аз давраи 22 то 24 октябри соли 2014 машқи муштараки байнисарҳадии «Стихия-2014» дар мавзўъи: «Ташкили амали якҷоя ҳангоми расонидани ёрии байналмилалӣ дар рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табии байнисарҳадӣ дошта» ташкил ва гузаронида шуд.
Машқи мазкур бо дастгирии молиявии Барномаи Ҷаҳонӣ, Фонди кўдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ ва Раёсати ҳамоҳангсозии масъалаҳои гуманитарии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 №3 «Дар бораи нақшаи баргузории машваратҳои илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014» дар таърихи 14 августи соли 2014 Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «20 солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Таърих, инкишоф ва дурнамо» дар толори конфронсии Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо иштироки 80 нафар гузаронида шуд.
Дар рафти баргузории Конфронс ташкилотҳои байналмилалӣ: Барномаи рушди СММ (UNDP), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Ташкилоти Оксфам (Oxfam), Ташкилоти «Наҷоти кўдакон», Ташкилоти башардўстонаи Фокус ИМА, Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ (WFP), Захираи кумаки кудакони СММ (UNICEF), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO), Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Ташкилоти Актед, Ташкилоти байналмилалии «Добрососедство» ва сохторҳои Кумита: Раёсати наҷотдиҳӣ, Раёсати Сарез, Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвию радиометрӣ ва Сарраёсати таъсирнокии фаъол ба равандҳои метеорологӣ дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Дар ин давра наҷотдиҳандагони Кумита дар машқҳои якҷояи оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар мавзўи «Ёрии таъҷилӣ ҳангоми заминларзаи 8 балла» ва дар мусобиқаи байналмилалии бисёрҷабҳа оид ба наҷотдиҳӣ дар доираи семинар-ҷамъомади байналмилалии «КАЗПАС» иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, инчунин, дар Сессияи чоруми Платформаи Глобалӣ оид ба коҳиши таҳдиди хатари офатҳо, семинари ҷамъбастии баҳодиҳии хатар, Конфронси хотимавӣ оид ба банақшагирии машқҳои «Ҳамкории минтақавӣ - 2013», лоиҳаи минтақавии «Мутобиқшавӣ ба тағйиротҳои иқлимӣ тавассути идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва ҳамкориҳои фаромарзӣ ҷиҳати пешгуии офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ», иштирок намудан дар машқи байнисарҳадӣ бо иштироки роҳбарият, гурўҳи наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ва хадамотҳои мудофиаи граждании вилояти Суғд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон (вилояти Баткен),банақшагирии машқҳо, семинар оид ба машқҳои рўимизӣ байни вазорату идораҳо, курсҳои номбурдаро бо муввафақият хатм намуданд ва соҳиби сертификат гардидаанд.
Инчунин, дар давраи аз соли 2012 то соли 2014, 72 вохўриҳои роҳбарияти Кумита бо намояндагони ташкилотҳои гуногуни хориҷӣ ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои минбаъда ташкил ва гузаронида шуд, аз ҷумла бо намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, бо намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва муовини Сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқулодда ва мухтори Штатҳои муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти «Фокус» - Кўмаки башардўстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баъд аз мувофиқаи тарафайн масъалаи барпо намудани ҷаласаи якҷояи ҳайати мушовараи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.
Шарикони асосии Кумита: Барномаи рушди СММ (UNDP), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Ташкилоти Оксфам (Oxfam), Ташкилоти «Наҷоти кўдакон», Ташкилоти башардўстонаи Фокус ИМА, Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ (WFP), Захираи кумаки кудакони СММ (UNICEF), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO), Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Ташкилоти Актед ва Ташкилоти байналмилалии «Добрососедство».
Дар асоси Созишномаҳои имзорасидаи Байниҳукуматӣ бо давлатҳои зерин ҳамкорӣ ва робитаи зич дорем:
Давлатҳо аъзои СҲШ (ШОС); давлатҳо аъзои СААД (ОДКБ); давлатҳои аъзои ИДМ (СНГ)
Ҷумҳурии Армения, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой.