Боди шадид обро аз соҳили “Баҳри тоҷик” берун андохт ва 170 гектар замин зери об монд

Аз боди шадид рӯзи 27 феврали соли равон Баҳри Тоҷик ғайримунтазира ба лаппиши сахти мавҷ рӯбарӯ шуд. Ин ҳодисаи ногаҳонӣ боиси он гардид, ки сатҳи об бо болову поён шудан аз соҳил берун резад ва сабабгори он шавад, ки дар минтақаи Сайҳуни ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом 170 гектар заминҳои бекорхобида зери об монанд.

Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи кории комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр сафарбар гардид.

Барои роҳандозии корҳои барқароркунӣ 4 адад техника, аз ҷумла 1 адад автокран, 1 адад техникаи борбардор, 2 адад мошинаи боркашони “Дулон” ва 30 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти Ортиқов сафарбар карда шуданд.

Дар айни замон корҳои бартарафсозии оқибати ин ҳолати фавқулода идома дорад. 

Маълумоти муфассал ироа хоҳад шуд.

барчасп: