Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Кушониён дар мавзӯъи коҳиши хатари ҳодисаҳои нохӯш ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар мудофиаи гражданӣ дарс баргузор карданд.
Кормандони Раёсат дар бораи амалҳои дониставу рафтори муносиб дар чунин ҳолатҳо нақл карданд. Офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаро наметавон пешбинӣ кард, онҳо ногаҳон сар мезананд. Вале агар инсонҳо омодагиҳои лозим дошта бошанд, метавонанд хатари офатҳоро коҳиш диҳанд, таҳдид ба ҷони одамон ва амволу молашон кам шавад. Ин ҳама аз амалҳои дониста, оқилона вобаста мебошад.
Кормандони Раёсат дар ин мулоқоташон бештар ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва андешидани тадобири пешгирӣ аз ҳодисаҳои фавқулода ишора намуданд. Ҳамзамон бо муаллимон алгоритмҳои амал ҳангоми интиқоли одамон аз минтақаҳои хатар ба маконҳои амнро баррасӣ карданд.
Дар поёни мулоқот кормандони идораи наҷот рақами телефонҳо барои тамосро ёдрас намуданд ва ба суолҳои ширкаткунандагон посух доданд.