Ҳалокати чор узви як оила дар сӯхтори хона. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сӯхтори мудҳише хабар дод, ки бар асари он чор узви як оила ба ҳалокат расидаанд. Ин сӯхтор субҳи имрӯз, 25-уми феврал, соати тахминан 03:04 дақиқа рух додааст ва сабагори марги фоҷеавии чор узви як оила шудааст.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 25.02.2020 тахминан соати 03:04 дақиқа дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Раҷабов Абдумавлон Раҷабович сӯхтор ба амал омад.

Кормандони хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар муддати кутоҳ сӯхтори азимро хомӯш карданд, вале натавонистанд ҷони чор тан аъзои ин хонадонро аз марг наҷот диҳанд. Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби он гардид, ки бошандагони хона дар дохил ҳалок шаванд.

Падари хонадон Абдуалӣ Раҷабов 28 сол дошта, ҳамсараш Сайида Раҷабова 25-сола будааст. Ду тифли онҳо Сафияи чорсола ва Кабирҷони сесола низ дар канори волидон ҳалок шуданд. 

Мақомти дахлдор сабабҳои сӯхторро таҳлил ва омилҳои марги аҳли хонадонро тафтиш мекунанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошанд. Бахусус, шабҳангом, ки вақти хобу истироҳат аст, бояд кулли асбобҳои барқиро хомӯш кунанд. Ҳамеша ноқилҳои барқиро хабар гиранд ва агар ҷойе ноҷӯрӣ ё мушкилеро мушоҳида карданд, талош кунанд фавран бартараф созанд.
Худ ва фарзандони худро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ доред! Волидон масъули таъмини амнияту бехатарии тифлони хешанд!
Талош кунед беназоратии шумо боиси нороҳатии ҳамсоягонатон нашавад. 
Эҳтиёт кунед, чун ҷони шумо дар хатар аст!

барчасп: