Бонувони низомипӯши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар барномаи телевизионии “Печутоби замон”, ки аз тариқи ширкати телевизион ва радиои вилоятии “СМ-1” таҳияи мешавад, ширкат карданд. Ҳадаф аз ширкат дар байни аҳолӣ паҳн намудани натиҷаҳои назаррасу касби пурмасъулияти бонувони хизматчии Раёсат, баланд бардоштани нуфузи Кумита дар байни мақомоти дигар, баланд боло бурдани руҳияи бонувоне, ки кори ҳарбӣ ихтиёр кардаанд, дар байни ҷомеа бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, шинос намудани онҳо бо ҳаёти низомиён буд.
Дар барнома баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон, ки дар остонаи интихоби касб қарор доранд, тавсияҳо дода шуд, инчунин барои дар рўҳияи Ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо маслиҳату машваратҳо дода шуд.
Ба бинандагон шарту шароити кори бонувони низомипӯш, фаъолияти кории онҳо, масъулияти зан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақому манзалати зан дар ҷомеа, нигоҳи халқ ба хизматчизан, таваҷҷўҳу дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати занҳо фаҳмонида шуд.
Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, лейтенант