Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 80 нафар хонандагони омўзишгоҳи кабї техникии №56-и шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод баргузор кард. Дар қисмати аввали чорабинӣ хонандагон ба се гурўҳ тақсим шуда, подполковник Муҳиддин Абдусамадович дар синфхонаи маркази таълимию методии Раёсат онҳоро бо таърихи таъсисёбии Кумита, фаъолияти Кумита то ба имрўз, ҳаёт ва фаъолияти наҷотдиҳандагон, соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ, гузаронидани корҳои садамавӣ наҷотдиҳӣ ва дигар амалҳои таъхирнопазир, ҳолатҳои фавқулоддае, ки ба вуқўъ пайвастанд ва эҳтимолияти ба вуқўъ омадан доранд, расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардидагон, ғарқшудагон аз наздик шинос кард.
Баъдан капитан Абдумалик Абдуҳамидов хонандагонро бо автомошинаҳои наҷот, аз ҷумла автомошинаи махсус барои бурдани корҳои рўи обию зериобӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, кўҳнавардӣ, техника ва таҷҳизоту лавозимотҳои махсуси наҷотдиҳӣ ошно кард. Дар рафти чорабинӣ тарзи истифодабарии лавозимот, пўшидани либосҳои махсуси наҷот вобаста ба намуди ҳолати фавқулоддае, ки ба амал омадааст, аз ҷониби наҷотдиҳандагон намоиш дода шуд.
Ҳамзамон ҷавонписарони синни тодаъватӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии наҷотдиҳандагон дидан намуданд.
Дар фарҷом омўзгорони омўзишгоҳи касбї-техникии №56-и шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти Кумита барои баргузор намудани чорабинии пурмазмун изҳори миннатдорӣ намуданд ва гуфтанд, ки дар ин муддати чанд соат хонандагон дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаву шеваҳои наҷот ошно шуданд, ки то дергоҳ дар ёдошон бо қӣ хоҳад монд. Баргузории чунин чорабиниҳон насли наврасро барои дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, муқаддас донистани арзишҳои ниёгон, ҳимояи Ватан модар, омода будан барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳавасманд мегардонад.
Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор бо чомеъаи Раёсат, лейтенант.