Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу менамоям.
Бисту ҳафт сол қабл – замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд.
Яъне давраи таъсиси Артиши миллӣ марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини миллиамон буд.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт.
Ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳ доштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштанд.
Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони бонангу номус ва содиқу сарсупурдаи мо ҷони худро нисор карданд, ки хотираи неки онҳо дар қалби мардуми Тоҷикистон ҳамеша зинда хоҳад монд.
Минбаъд мо дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар марҳала ба марҳала Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва Қӯшунҳои зудамалро таъсис дода, ба таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ шурӯъ намудем.
Имрӯз намояндагони ҷузъу томҳои зикршуда ва дигар воҳидҳои низомӣ барои гузаштан аз паради ҳарбӣ саф кашидаанд, ки боиси ифтихору сарбаландӣ ва осудагии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонанд.
Муҳтарам афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба амал омада, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ ва бехонумон мондани миллионҳо нафари дигар дар баъзе кишварҳои сайёра гардида истодаанд, моро водор месозанд, ки барои тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ба хусусияти таҳдиду хатарҳои муосир мутобиқ гардонидани қудрати мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва такмили сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии он минбаъд низ тадбирҳои зарурии иловагӣ андешем.
Бахусус, вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли Ватани азизамон, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд.
Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд.
Дар ин раванд, ба роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фармондеҳони ҷузъу томҳои ҳарбӣ зарур аст, ки ба масъалаи риояи ҳатмии талаботи қонун ва ойинномаҳои низомӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намоянд.
Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд.
Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва матонату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озод эътимод дорам ва бо ифтихору итминон иброз медорам, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бистуҳафтсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тансиҳативу хушбахтӣ, сарбаландиву саодат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷоъи Ватан!
Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ