Ҷасади як марди 48-сола дар соҳили рӯди Ғунд пайдо шуд

Ҷасади як сокини ҳудудан 50-солаи ноҳияи Шуғнон, ки аз охири моҳи ноябри соли гузашта бедарак буд, ахиран аз соҳили дарёи Ғунд пайдо шуд. Муддати ин се моҳ пайвандонаш ҳамроҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро меҷустанд ва нишоне то кунун пайдо набуд. Аммо дирӯз пас аз як занги телефонӣ ба бахши навбатдории Раёсати КҲФ дар Хоруғ кормандони наҷот ҷасади ӯро пайдо ва ба маркази вилоят интиқол доданд.

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҷасади сокини деҳаи Даштак, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон аз соҳили рӯзи Ғунд пайдо ва ба мақомоти мартубта таслим кардаанд. Хабари дар соҳили Ғунд пайдо шудани ҷасади марди ношинос ба Раёсат соати 11:15 дақиқаи рӯзи 18 феврали соли равон расид ва кормандони фаврии бахши наҷот филҳол худро ба ҷойи ҳодиса расонданд.

Баъди аз оби соҳил берун овардани ҷасад онро ба шаҳри Хоруғ интиқол доданд. Ташхиси судӣ нишон дод, ки ин мард сокини деҳаи Даштак, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон  буда, 48 сол умр доштааст. Марҳум аз 25-уми ноябри соли 2019 бедарак буд. Ҳоло маълум нест, ки ин мард худкушӣ кардааст ва ё дар пайи ҳодисаи нохӯше дар об ғарқ шудааст.

барчасп: