Вируси маргбори короно, ки бидуни шак як фоҷеаи башарист, то ба имрўз сабабгори марги зиёда аз якуним ҳазор нафар гардид. Баҳри пешгирии ин касалии марговар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои пешгирикунанда андешида шуда истодааст.
Бо дастури роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд низ дар ин чорабиниҳо саҳм мегузоранд.
Як бахши ин фаъолият поку тоза нигоҳ доштани маҳалли кору фаъолияти кормандон аст. Ҳамарўза аз ҷониби дастёрони духтури Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилоят баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳудуди Раёсат, утоқҳои кории Раёсат бо маҳлули безарагардонӣ коркард карда мешаванд. Ҳолати ҳамарўзаи беҳдошт дар ҳудуди Раёсат ва ҳайати шахсӣ таҳти назорати доимии дастёрони духтурони Даста қарор дода шудааст.
Инчунин пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани донишу малакаи ҳайати шахсии Раёсат оид ба вируси короно бурдани корҳои корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ дар байнӣ аҳолӣ дар назар дошта шудааст. Ин таблиғотҳо дар шакли дарсҳои омӯзишӣ мегузаранд ва дар поёни ҳар дарс ба ширкаткунандагон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим карда мешавад.
Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, лейтенант